ҒОЛИБИЯТ ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ

     Даври ҷумҳуриявии озмуни  «Беҳтарин кабинети технологияи иттилоотӣ» дар бинои Маркази дарёфт ва рушди истедодҳои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Шарафи вилояти моро ғолиби даври вилоятӣ омӯзгори фанни технологияи иттилоотии Муассисаи давлатии «Мактаби хонандагони болаёқат»-и ноҳияи Б.Ғафуров Ачилов Ҳ, ҳимоя намуд.

   Дар расми ифтитоҳи озмун директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” Назаров. К баргузор намудани чунин тадбирро баҳри боз ҳам баланд бардоштани шавқ ва завқи хонандагону устодон ба илми технология муҳим арзёбӣ намуд.

     IMG-e313a30653f2aa65267cf4e2b5aef1a9-VНатиҷаи холгузории ҳайати доварон навовариҳо ва корҳои назаррасӣ омӯзгори ҷавонӣ пуртаҷрибаи фанни технологияи иттилоотии Муассисаи давлатии «Мактаби хонандагони болаёқат»-и ноҳияи Б.Ғафуров Ачилов Ҳ.-ро ба назар гирифта кабинети технологияи иттилоотии муассисаи мазкур сазовори ҷои дуюм донистанд.

     Раёсати маорифи вилоят барои ноил шудан ба чунин дастовард ба аҳли кормандони Маркази вилоятиии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, Муассисаи давлатии «Мактаби хонандагони болаёқат»-и ноҳияи Б.Ғафуров изҳори миннатдорӣ намуда, ба омӯзгор Ачилов. Ҳ дар фатҳи қуллаҳои нави музаффарият барору комёбӣ таманно доранд.

НАВРӮЗ ПАДИДАИ НОДИРИ ФАРҲАНГИ БАШАРӢ

   Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯзи дар филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Наврӯз — падидаи нодири фарҳанги башарӣ» ва озмуни вилоятии «Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст» баргузор гардид. (далее…)