Ба муносибати таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд конференсияи илмӣ дар мавзӯи «Забони давлатӣ – рукни муҳими фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Дар конференсия олимон ва устодони филиали донишкада ва зиёда аз 150 нафар омӯзгорон – шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси вилоятӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини директор оид ба илм ва инноватсияи муассиса Рустамов Ш.Р. оғоз бахшида, роҷеъ ба мафҳум ва моҳияти арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, забон ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллӣ, сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон дар даврони истиқлолият, ҳифзу гиромидошти ин неъмати бебаҳои маънавӣ, пуштабонии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз забони давлатӣ ибрози андеша намуд. (далее…)