Ғолибон муайян шуданд

омузгори соли исфараБо мақсади дарёфт ва ошкор сохтани омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани онҳо, қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, тарғиб ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарин даври шаҳрии озмунҳои «Омӯзгори ҷавони сол» ва  «Омӯзгори соли Тоҷикистон» аз рӯйи 10 шарт: дастурҳои методӣ, таҳияи нақшаи дарс, ҳолатҳои педагогӣ-психологӣ, дарс, муаррифии таҷрибаи корӣ ва портфолиои омӯзгор, таҳлили дарс, гузаронидани маҷлиси падару модарон, санҷиши донишҳои назарявӣ ва мизи мудаввар, кор бо компютер ва тахтаи электронӣ дар сатҳи баланд бо дастгирии маъмурияти муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуданд.
Ба даври вилоятии «Омӯзгори ҷавони сол» омӯзгори фанни математикаи м.т.м.у. №68 Абдусабур Қаҳҳоров ва ба даври вилоятии «Омӯзгори соли Тоҷикистон» омӯзгори синфҳои ибтидоии литсейи №5 Зулхумор Сангинова роҳ ёфтанд.
Омӯзгори фанни математикаи м.т.м.у. №12 Парвина Шодиева сазовори ҷойи аввал, омӯзгори фанни технологияи иттилотии м.т.м.у. №6 Акмал Бобохонов ва омӯзгори фанни забон ва адабиёт аз м.т.м.у. №35 Маҳлиё Расулӣ сазовори ҷойи дуюм, омӯзгори фанни забони русии м.т.м.у. №1 Элмира Тинчерова сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.

Рӯзи байналмилалии саводнокӣ

2Рӯзи байналмилалии саводнокиро аҳли омӯзгорон ва хонандагони гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо чорабинии идона истиқбол гирифтанд. Ҳамчунин,  дар ин рӯз аз тарафи ҳамоҳангсозони лоиҳаи ЮСАИД “Ҳамроҳ бихонем” китобҳои бадеӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ тақдим гардиданд.
Дар чорабинӣ меҳмонон аз барномаи лоиҳаи ЮСАИД “Ҳамроҳ бихонем”, ҳамзамон сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзод, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева, китобдорони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят, омӯзгорон ва хонандагон иштирок доштанд. (далее…)