ДАВРИ АВВАЛ БАРГУЗОР ШУД

DSCF8841Ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани дониши касбӣ, сайқал додани маҳорат ва таҷрибаи педагогӣ, муайян намудани мураббиёни эҷодкор, паҳн намудани таҷрибаи пешқадам озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон” дар сатҳи баланд доир карда мешавад.
Даври аввали озмуни вилоятӣ дар кӯдакистони рақами 28-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки ғолибони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Деваштич, Зафаробод аз рӯи шартҳои дониш ва маҳорати касбии мураббия, таҳлили ҳолатҳои равонӣ — педагогӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара  ва мизи мудаввар доир гардид. Ба дониш ва маҳорати иштирокчиёни даври аввали озмун ҳайати бонуфузи ҳакамон баҳои воқеӣ гузоштанд. Панҷ нафар беҳтаринҳо мувофиқи хулосаи ҳайати ҳакамон ба даври асосии вилоят роҳхат гирифта,  нафари ғолиб дар ин марҳила ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Мурабии соли Тоҷикистон” вилояти моро муаррифӣ хоҳанд кард.