МАКТАБ МУҚАДДАС АСТ

    IMG_20201015_154720_1Бо иштироки сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳо, кормандони масъул ва сохторҳои зертобеи Раёсати маорифи вилоят дар Гимназияи рақами 1 шаҳри Хуҷанд мулоқоти озоду шаффофи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода баргузор гардид.
Мулоқотро сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо мақсад ва ҳадафҳои чорабинии мазкур ошно намуд.
Комилшо Исозода, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию – методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни таҳлили ҷараёни тақсимоти китобҳои иҷоравӣ ба муассисаҳои таълимӣ оид ба вазифаҳое сухан ронд, ки ба сари вақт пардохт шудани маблағҳои ба иҷораи китобҳо аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои вилоят марбутӣ дошт.
Сипас Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари зикри дастовардҳо оид ба рисолат ва вазифаҳои минбаъдаи  аҳли маориф дар самти баланд баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таъмини иҷрои нишондодҳои Барномаҳои давлатӣ, мутобиқ намудани муассисаҳои таълимӣ  ба талаботи давр, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорӣ,  бунёди ҳарчи бештари биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва фарогирии кӯдакону наврасон ба онҳо, ба зинаи сеюми таҳсил ҷалб намудани толибилмон, баланд бардоштани мақом ва манзалати омӯзгор, афзун гардонидани дастовардҳо дар самти иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмилалӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ва худкушӣ байни ноболиғон андешаҳои ҷолиб баён дошт. Мавсуф инчунин дар назди ҳозирин оид ба ҳаллу фасли саривақтии масъалаҳои соҳа дастуру ҳидоятҳо дод.IMG_20201015_140459
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ Абдушукур Хокироҳзода аз номи аҳли нишаст барои дастгириву роҳнамоӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъулини соҳа самимона изҳори сипос намуд.