ҲАМКОРӢ БО ВАО МУФИД АСТ

   IMG_4471 Санаи 22 феврал дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон азаз 15 сентябри соли 2011, таҳти №АП – 1729  нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти маорифчиёни вилоят дар соли 2020 ва вазифаҳои навбатии ҷомеаҳои меҳнатии муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндасоз сухан  рафт.
Сараввал сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода бо суханони муқаддимавӣ нишастро ифтитоҳ бахшида, оид ба вазифаҳои маорифчиён дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуд.  Аз ҷумла мавсуф таъкид дошт, ки соли таҳсили 2019 — 2020 дар вилоят 938 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 36 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 826 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 33 гимназия, 25 литсей, 1 мактаби Президентӣ, 2 мактаб барои хонандагони лаёқатманд, 3 мактаб — кўдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб — интернати махсус, 3 интернат барои кўдакони ятиму бепарастор фаъолият намуда, дар онҳо 565 ҳазору 231 нафар, аз ҷумла 276 ҳазору 427 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2018 – 2019 — ум  9 муассисаи таълимӣ  ва шумораи хонандагон 17 ҳазору 906 нафар зиёд мебошад.
Вобаста ба он ки ба хабарнигорон оиди фаъолияти маорифчиёни вилоят дар соли 2020 гузориши хаттии муфассал ( пресс- релиз) пешниҳод шуда буд,  байни сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода  ва хабарнигорон бе ироаи  маърӯза оид ба натиҷаҳои фаъолиияти маорифчиён дар соли 2020 якбора  пурсишу посух сурат гирифт.
Дар рафти нишасти матбуотӣ хабарнигорони рӯзномаҳои “Садои мардум” М.Мақсудов, ”Тоҷикистон” Ф. Муродӣ, “Омӯзгор”  Н.Раҷабзода, “Халқ овози” Ӯ. Усмонов, “Ҳақиқати Суғд” Ш.Салимова,”Нилуфар” Ф. Мамадҷонова,  ШТР “Азия” М. Атаева, Оҷонсии “Суғднюс” М. Поччоева, М.Қаюмова,  радиоҳои “Замон” А.Ҷӯраев, “Озодӣ” Ф.Машарифов, хабарнигори мустақил Қ. Аҳрор ва дигарон вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳа, аз ҷумла, оид ба раванди пардохти қарзҳои классикии китобҳои иҷоравии муассисаҳои таълимӣ, фаъолияти маркази таҳсилоти иловагии вилоят дастовард ва нақшаҳои минбаъдаи он,  тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемориии сироятии COVID -19, пардохти  маош ва кӯмакпулиҳо ба  омӯзгорон дар ин давра, омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 110 —  солагии шоири  шаҳири  тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, тақдири донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсили илм мекунанд дар давраи бемории Ковид -19, бунёди кӯдакистонҳо ва муассисаҳои томактабие, ки дар баҳсҳои судӣ ва ҳакамӣ қарор доранд, фаъолияти Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, ҷойивазкунии кадрҳо, дастгирии мутахассисони ҷавон, пайвастани муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ ва сабабҳои ба ҷиноят даст задани ноболиғон, раванди иҷрои  нақшаи  чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни мубораки 30 – солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  муассисаҳои таълимии вилоят бо саволҳо муроҷиат  карданд.IMG_4473
Аз ҷониби сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. ба суолҳои матраҳшуда хеле возеҳ равшанӣ андохта шуда, бо мисолҳои мушаххас корҳои дар ин самт анҷомёфта шарҳу эзоҳ ёфтанд. Мавсуф зимни суханрониаш зикр намуд, ки таи шаш соли охир омӯзгорон ва мураббиёни вилоят  дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои аввалро сазовор мешаванд. Теъдоди ҷоизадорони олимпиадаҳои байналмилалӣ рӯ ба афзудан оварда, дар ин радиф хонандагони шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз беҳтаринҳо маҳсуб меёбанд.
Инчунин ба дигар саволҳои марбут ба соҳа  аз  сардори Раёсати маориф хабарнигорон посухҳои мушаххас гирифтанд.
Сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. дар сухани хотимавиаш ба рўзноманигорон ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар нишаст ва барои ҳамкории муфидашон бо маорифчиёни вилоят самимона изҳори сипос кард.
Нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд бо намояндагони воситаҳои ахбори  умум хеле пурманфиат ҷараён гирифт

ПАЁМ БА КОМЁБИҲО ҲИДОЯТ МЕНАМОЯД

Осим КАРИМЗОДА,
сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд,
доктори илмҳои таърих, профессор
ПАЁМ БА КОМЁБИҲО ҲИДОЯТ МЕНАМОЯД

     Паёми  навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки санаи 26 январи соли равон тариқи расонаҳои ахбори умум ироа гардид, сокинони ваҳдатшиори мамлакат бо ифтихори бузург ва шукргузории афзун аз давлату давлатдории миллӣ истиқбол намуданд.
Пешвои муаззами миллат дар баробари таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами соҳаи хоҷаги халқи мамлакат ба соҳаи маориф ба ҳайси самти афзалиятнок дар сиёсати маърифатпарваронаашон дар Паёми навбатӣ таваҷҷуҳ ва эътибори хосса зоҳир намуданд. Зеро соҳаи маориф дар меҳвари ҳамешагии сиёсати даватдории Пешвои миллат мақоми махсус дорад. Имрӯз ба ҳайси шахси масъули соҳаи маорифи вилоят бо як ҷаҳон ифтихору саодат таъкид мекунам, ки дар Паёмашон Пешвои миллат барои беҳдошти соҳа ғамхоронаю дилсӯзона ҳар яки мо, аҳли ҷомеаро вазифадор намудаанд:  “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгорон боз ҳам баланд бардорем”.  Ин ҳидояти созандаи Сарвари давлат мо, кормандони соҳаи маорифро барои пешбурди фаъолият боз ҳам дилгарм ва масъулиятамонро дар  роҳи иҷрои вазифа афзунтар мекунад.
Аҳли маорифи кишвар бори дигар боварӣ ҳосил карданд, ки тақдири имрӯзу ояндаи мактабу маориф  барои давлат ва Ҳукумати кишвар бефарқ нест. Президенти кишвар, Пешвои миллат бо як эҳсосоти баланд дар ин бора сухан ронда, таъкид доштанд, ки пешбурди фаъолияти соҳаҳои гуногуни мамлакатамон бар дӯши кадрҳои баландихтисоси соҳа меистад.
Ҳамагон хуб дар хотир дорем, ки туфайл ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат заминаи моддию техникии муассисаҳои соҳаи маориф мустаҳкам гардида, шароити таълиму тарбия рӯ ба беҳбудӣ меоранд.
Ин ғамхорӣ дар он ифода мегардад, ки танҳо соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, дар маҷмӯъ, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст.
Яке аз нақшаҳои дурнамои соҳа, ки дар мадди назари ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор дорад, ин масъалаи баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми омӯзгор мебошад. Ба шарофати иқдомҳои ҳамешагии давлат ва Ҳукумат мақоми омӯзгорон торафт боло меравад ва эшон чун дар даврони шӯравӣ ба ҳайси раҳнамову тӯдакаши аҳли ҷомеа эътироф гардидаанд.
Хушбахтона, таҳти сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои миллат бо мақсади таъмини шаффофият, адолат, баланд бардоштани сатҳи тарбияи кадрҳо ва пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ дар миқёси ҷумҳурӣ  соли ҳаштум аст, ки низоми нави дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ тариқи Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шуд. Ин тадбири муфид имкон дод, ки беҳтарин хонандагони мактабҳо тавассути дониши худ ба номи баланди донишҷӯи сазовор шаванд. Маҳз ҳамин омил боис шуд, ки сафи хонандагони аълохону боистеъдод дар муассисаҳои таълимӣ рӯ ба афзоиш ниҳад. Аммо бо вуҷуди корҳои назарраси иҷрошуда ҳанӯз мушкиливу муаммоҳои соҳа зиёданд. Аз ҷумла, яке аз онҳо сол то сол кам шудани шавқу рағбати хонандагон ба фанҳои дақиқ мебошад. Аксари олимони ҷавоне, ки солҳои охир рисолаи номзадиро ҳимоя кардаанд, мутахассиси фанҳои ҷамъиятиву гуманитарӣ мебошанд.
Бо назардошти тақвияти дониши техникӣ, рӯ овардани  ҷавонон ба илмҳои равияи дақиқ «Солҳои 2020 – 2040 солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид.  Ҳамзамон, ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб гардидани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон аз ҷониби Пешвои миллат дар Паёмашон ҳамасола баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Илм – фурӯғи маърифат” эълон шуд, ки гумон мекунам дар радифи озмунҳои “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон, Ватани азизи ман” обрӯ ва нуфузи хеле калон касб мекунад.
Ба суръати умум пеш рафтани техникаву технология ва ҷойгоҳи хосаро дар рӯзгори мардум касб кардани воситаҳои муосири техникӣ, эҳтиёҷ ба кадрҳои баландихтисоси соҳаро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон масъулинро вазифадор мекунанд, ки  ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»–ро таҳия карда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Кӯдакон фардои ин миллати босаодатанд ва роҳбарону масъулин дар ин росто дастур гирифтанд, ки  дар муддати кӯтоҳ дар деҳот муассисаҳои таълимии томактабӣ, майдончаҳои варзишӣ бунёд намоянд. Дар Паём таъкид гардид, ки соли гузашта ҳамагӣ 14 муассисаи томактабӣ барои 2520 кӯдак бунёд гардидааст, ки ин нишондиҳанда ҷавобгӯи талаботи рӯз нест. Пешвои муаззами миллат ба роҳбарони вазорати маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки барои бунёди кӯдакистонҳо, марказҳои инкишофи кӯдакон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.  Ин башоратест, ки аз ояндаи дурахшони соҳаи муассисаҳои томактабӣ дарак медиҳад ва маорифчиёнро рӯҳбаланду сарфароз мегардонад.
Пешвои муаззами миллат дар мавриди гиромидошти забон, рӯ ба китобу китобхонӣ овардани ҳамаи қишрҳои ҷомеа, огоҳ будан аз гузаштаи пурғановати таърихи тоҷикон сухан карданд.  Изҳор доштанд, ки  “Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад”. Роҳандозӣ шудани озмуни ҷумҳуриявии  “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” маҳз аз ҳамин нуктаи назар сарчашма мегирад ва он барои шинохти асолати миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ нақши мондагор дорад.
Дар масъалаи дуруст ба роҳ мондани забономӯзӣ аз қабили забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ сухан ронда, иқтибосеро аз Паёми президенти кишвар хотирнишон сохта, чунин баён менамоям, ки ба роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, инчунин ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ супориш дода мешавад, ки  дар давоми чор соли оянда масъалаи пурра бо омӯзгорони фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, дар навбати аввал, русиву англисӣ таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумиро ҳал намоянд.
Инчунин, ҷиҳати ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии муаллимон мунтазам чораҷӯӣ карда, доир ба вазъи корҳо дар ин самт ба Ҳукумати мамлакат ҳар сол гузориш диҳанд.
Вазифаҳое, ки дар суханрониҳои Президенти кишвар доир ба ҳалли масъалаҳои калидӣ,  расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои миллӣ барои оянда гузошта шуданд, танҳо ба хотири рушди иқтисодию иҷтимоии давлатамон, таҳкими имкониятҳои иқтисодии он ва албатта, ба хотири боз ҳам беҳтар шудани сатҳи некӯаҳволии  халқамон равона гардидаанд.
Дар ин замина агар ба мушоҳида гирем, эҳсос мешавад, ки аз Паём то Паём дар ҳама ҷанбаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла дар соҳаи маориф дастовардҳои зиёде ба назар мерасанд. Масалан, дар Паёми соли гузашта Пешвои миллат аҳли маорифи кишварро ҷиҳати ворид шудан ба фазои ягона ва ҷорӣ намудани меъёри ягонаи таҳсилот, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълим вазифадор карда буданд.
Болоравии сифати таълиму тарбия, аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии давлат дар соҳаи маориф маҳсуб мегардад. Ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат ва давлату Ҳукумат вазифаҳои мо — аҳли маорифро барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир муайяну мушаххас менамояд.

МИШЕЛ ТАРРАН: ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА, ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ ФАРОНСАВӢ МАРОМИ МОСТ

2Сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода субҳи имрӯз сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран ва корманди сафорат Лола Рожеро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи маориф гуфтугузор намуда, мақсади вохӯриро дар густариш додани самтҳои илму таълим арзёбӣ намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба омӯзиши забони фаронсавӣ,  тарбияи кадрҳо, таҷрибаивазкунӣ, ташкил намудани курсҳои забономӯзӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ, инчунин, беҳтар намудани барномаҳои муштарак табодули афкор намуданд.
Дар суханронии Осим Каримзода қайд шуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактабу маориф сол аз сол рушд карда, сатҳи таълиму тарбия  ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар сатҳи лозима ба роҳ монда шудааст.   Айни ҳол зиёда аз 300 нафар хонандагони шаҳру ноҳияҳои Панҷакент ва Зафаробод ба омӯзиши забони фаронсавӣ ҷалб гардида, бо дарёфти имкон ва шароит сатҳи омӯзиши ин забон беҳтар гардонида мешавад. Номбурда аз таҷрибаи ғании омӯзиши забони олмонӣ дар вилоят дар мисоли муассисаҳои таълимии “Гёте” ва “Сафина”  ёдовар шуда, афзуд, ки маҳз таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва  шарикони рушд аз давлати Олмон аст, ки омӯзиши ин забон дар сатҳи лозима ба роҳ монда шудааст.
1 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса ҷаноби Мишел Тарран аз пазироии самимии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба вилояти Суғд изҳори миннатдорӣ намуда, баён дошт, ки дар сафари навбатии худ аз маконҳои таърихии вилоят амсоли Панҷакент ва Зафаробод дидан мекунад. Гуфта шуд, ки забони фаронсавӣ дар қатори  6 забонҳои байналмилалии ҷаҳонӣ дар Созмони миллати муттаҳид эътироф гардида, айни ҳол наздик ба 200 миллион нафар бо ин забони нобу шево ҳарф мезананд. Забони фаронсавӣ чун забони давлатии Белгия, Шветсария ва Люксембург дониста шудааст. Мақсади мо тақвият бахшидани забони фаронсавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила ошноӣ пайдо кардани толибилмони тоҷик аз фарҳанги бою ғании кишвари Фаронса мебошад.
Дар3 баромади Лола Роже қайд шуд, ки айни  ҳол дар ҷумҳурӣ 60 омӯзгори фанни забони фаронсавӣ фаъолият доранд, ки ба онҳо мунтазам семинарҳои омӯзишӣ ташкил карда мешавад. Мушкилоти асосии дар омӯзиши забони фаронсавӣ ин норасогии китобҳои дарсӣ мебошад, ки сафоратхона ин муамморо дар вақтҳои наздик ҳал мекунад. Ба гуфтаи Лола Роже зиёд кардани синфҳои омӯзишии забони фаронсавӣ дар меҳвари фаъолияти сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Дар охир аз ҷониби сардори Раёсати маорифи вилоят  ба меҳмонон ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид