ҲАМКОРӢ БО ВАО МУФИД АСТ

   IMG_4471 Санаи 22 феврал дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон азаз 15 сентябри соли 2011, таҳти №АП – 1729  нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти маорифчиёни вилоят дар соли 2020 ва вазифаҳои навбатии ҷомеаҳои меҳнатии муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндасоз сухан  рафт.
Сараввал сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода бо суханони муқаддимавӣ нишастро ифтитоҳ бахшида, оид ба вазифаҳои маорифчиён дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуд.  Аз ҷумла мавсуф таъкид дошт, ки соли таҳсили 2019 — 2020 дар вилоят 938 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 36 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 826 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 33 гимназия, 25 литсей, 1 мактаби Президентӣ, 2 мактаб барои хонандагони лаёқатманд, 3 мактаб — кўдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб — интернати махсус, 3 интернат барои кўдакони ятиму бепарастор фаъолият намуда, дар онҳо 565 ҳазору 231 нафар, аз ҷумла 276 ҳазору 427 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2018 – 2019 — ум  9 муассисаи таълимӣ  ва шумораи хонандагон 17 ҳазору 906 нафар зиёд мебошад.
Вобаста ба он ки ба хабарнигорон оиди фаъолияти маорифчиёни вилоят дар соли 2020 гузориши хаттии муфассал ( пресс- релиз) пешниҳод шуда буд,  байни сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода  ва хабарнигорон бе ироаи  маърӯза оид ба натиҷаҳои фаъолиияти маорифчиён дар соли 2020 якбора  пурсишу посух сурат гирифт.
Дар рафти нишасти матбуотӣ хабарнигорони рӯзномаҳои “Садои мардум” М.Мақсудов, ”Тоҷикистон” Ф. Муродӣ, “Омӯзгор”  Н.Раҷабзода, “Халқ овози” Ӯ. Усмонов, “Ҳақиқати Суғд” Ш.Салимова,”Нилуфар” Ф. Мамадҷонова,  ШТР “Азия” М. Атаева, Оҷонсии “Суғднюс” М. Поччоева, М.Қаюмова,  радиоҳои “Замон” А.Ҷӯраев, “Озодӣ” Ф.Машарифов, хабарнигори мустақил Қ. Аҳрор ва дигарон вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳа, аз ҷумла, оид ба раванди пардохти қарзҳои классикии китобҳои иҷоравии муассисаҳои таълимӣ, фаъолияти маркази таҳсилоти иловагии вилоят дастовард ва нақшаҳои минбаъдаи он,  тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемориии сироятии COVID -19, пардохти  маош ва кӯмакпулиҳо ба  омӯзгорон дар ин давра, омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 110 —  солагии шоири  шаҳири  тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, тақдири донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсили илм мекунанд дар давраи бемории Ковид -19, бунёди кӯдакистонҳо ва муассисаҳои томактабие, ки дар баҳсҳои судӣ ва ҳакамӣ қарор доранд, фаъолияти Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, ҷойивазкунии кадрҳо, дастгирии мутахассисони ҷавон, пайвастани муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ ва сабабҳои ба ҷиноят даст задани ноболиғон, раванди иҷрои  нақшаи  чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни мубораки 30 – солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  муассисаҳои таълимии вилоят бо саволҳо муроҷиат  карданд.IMG_4473
Аз ҷониби сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. ба суолҳои матраҳшуда хеле возеҳ равшанӣ андохта шуда, бо мисолҳои мушаххас корҳои дар ин самт анҷомёфта шарҳу эзоҳ ёфтанд. Мавсуф зимни суханрониаш зикр намуд, ки таи шаш соли охир омӯзгорон ва мураббиёни вилоят  дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои аввалро сазовор мешаванд. Теъдоди ҷоизадорони олимпиадаҳои байналмилалӣ рӯ ба афзудан оварда, дар ин радиф хонандагони шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз беҳтаринҳо маҳсуб меёбанд.
Инчунин ба дигар саволҳои марбут ба соҳа  аз  сардори Раёсати маориф хабарнигорон посухҳои мушаххас гирифтанд.
Сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. дар сухани хотимавиаш ба рўзноманигорон ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар нишаст ва барои ҳамкории муфидашон бо маорифчиёни вилоят самимона изҳори сипос кард.
Нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд бо намояндагони воситаҳои ахбори  умум хеле пурманфиат ҷараён гирифт