Дар анҷоми соли хониши ҷорӣ ба Раёсати маорифи вилоят аз шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Зафаробод, мактаби Президентии шаҳри Бӯстон ҳуҷҷатҳои 15 нафар хатмкардагони синфҳои 11 барои соҳиб шудан ба аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ворид гардиданд.
Комиссияи ташхисии назди Раёсат пас аз таҳлилу омӯзиш бинобар ҷой доштани камбудиҳо, ба монанди мувофиқат накардани ҳуҷҷатҳои довталаб ба банди 8-и «Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии ТоҶикистон», ислоҳи баҳоҳо, ҷой доштани баҳоҳои «чор» аз 7-9 адад фанҳои таълимӣ, бесифат пур кардани журналҳои синфӣ ҳуҷҷатҳои 9 нафар хатмкардагонро ба талабот номувофиқ ҳисобид ва ҳуҷҷатҳои 6 нафар хатмкардагон: Қахоров Мансур – хатмкардаи гимназияи Гёте-и шаҳри Хуҷанд, Қодирова Нодира –хатмкардаи гимназияи Гёте-и шаҳри Хуҷанд, Раҳимова Нодира – хатмкардаи муассисаи таълимии мактаби Президентии шаҳри Чкалов, Фаррухзода Комрон-хатмкардаи гимназияи № 1-и шаҳри Конибодом, Мамадҷонова Гавҳар-хатмкардаи литсейи № 1-и шаҳри Конибодом ва Музаффарзода Ганҷина-хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26-и шаҳри Конибодомро барои баррасӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.