Дирӯз дар урдугоҳи ба номи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» басти 5 истироҳати кӯдакону наврасон ҷамъбаст гардид. Фаъолияти истироҳатгоҳ аз 08. 06. 2016 оғоз гардида, дар 5 баст зиёда аз 1500 нафар кӯдакону наврасон таътили худро хуш гузарониданд. Аз ҷумлаи зикршуда бештар аз 600 нафар хонандагони ятими кул, ғолибони олимпиадаҷои байналмилалӣ, Ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, сессияи Академияи хурди илмҷо, пешқадамони хониш ройгон истироҳат карданд.
Дар тантанаи ҷамъбастӣ муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода, намояндаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят иштирок доштанд.
Муовини Раиси вилоят Назира Щаффорӣ назди 300 нафар истироҳаткардагони басти ниҳоӣ, падару модарон суханронӣ карда, ба таҳсилу зиндагонии минбаъдаи онҷо муваффақиятҳо орзу кард ва ба 209 нафар хонандагони ятим тӯҳфаи Раиси вилоятро супурд. Падару модарон, чанде истироҳаткардагон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти вилоят, масъулони ташкилу баргузории истироҳат изҳори миннатдорӣ карданд.
Тантанаи истироҳаткардагон бо намоиши барномаи адабию консертӣ хотима ёфт.