Бо иқдоми Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилоят дар гимназияи рақами яки шаҳри Гулистон семинар-машварати сарварони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид.

Аҳли иштирокдорони семинар нахуст дар дарси кушод дар мавзӯи «Иҷлосияи таърихӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон» ширкат варзиданд. Дар ин дарси кушод беҳтарин толибилмони вилоят, соҳибистеъдодон сарҷамъ омада, андешаҳои худро перомуни вазъи сиёсии кишвар дар солҳои навадуми қарни гузашта, хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ба даст овардани сулҳ баён доштанд.

Директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоят Дилбар Исмоилова зимни баромади хеш аз зарурати ташкили чунин як марказ дар сатҳи ҷумҳурӣ сухан намуда, афзуд, ки ҳадаф рушд ва такомули толибилмоне, ки истеъдод доранд, мебошад.

Дар рафти семинар- машварат дастур дода шуд, ки минбаъд бо ҷалби омӯзгорони навовар ҷараёни баргузории олимпиадаву озмунҳо бо диду назари тоза суръат гиранд ва ҳамчунин толибилмоне, ки соҳибистеъдоданд бештар ба марказ ҷалб гарданд ва ба онҳо имкони бештари сайқали маҳорат дода шавад.

 

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>