Д И Қ Қ А Т !

      281320690_375378387969217_7019486331589044398_nБа таваҷҷуҳи шаҳрвандон-истиқоматкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мерасонем, ки санаи 21.05.2022, аз соати 08:00 то соати 10:00 дар Мактаби байналмилалии “Контакт”-и шаҳри Исфара аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ва муовинони ӯ қабули сайёри шаҳрвандон баргузор мегардад.

М У Р О Ҷ И А Т Н О М А

     Омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои созандаи   Пешвои муаззами  миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
     
      Дар сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф чун соҳаи калидӣ ва бунёдии миллат ҷойгоҳи хосса дошта, Сарвари давлат тарбияи маънавии насли худогоҳу хештаншинос, маърифатпарвару саводнокро ояндаи неку дурахшони миллат арзёбӣ намудаанд. Ин нукта дар мулоқот ва суҳбатҳои хотирмон бо фаъолони вилоят дар шаҳру навоҳии Панҷакент, Исфара, Гулистон ва Ашт бори дигар зикр гардид. Аҳли вилоят, хосса маорифчиён, имрӯз дар қайди таассуроти пурнишоти ташрифи Сарвари давлат қарор доранд.
     Бо таъкиди Пешвои муаззами миллат агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафта ва нерӯманд бошад, бояд шавқу завқи насли наврасро нисбат ба муқаддасоти миллӣ, техникаву технологияи муосир, омӯхтани камаш се забони хориҷӣ боз ҳам қавитар намоем. Зеро дар шароити ҷаҳонишавии тамаддунҳо, қудратталабию азнавтақсимкунии ҷаҳон аз ҷониби  давлатҳои абарқудрат моро мебояд, ки насли босаводу аз лиҳози мафкуравӣ бойро тарбия намоем, то сипари давлат бошанд.
     Дар иртибот ба ин мо – омӯзгорон ва кормандони соҳа ба фаъолони вилоят, ҳамкасбон ва аҳли ҷомеа муроҷиат мекунем:
      Ташаккули худшиносӣ, ҳувияти миллӣ сарчашмаи ватандӯстӣ ва садоқату вафодорӣ ба обу хоки кишвар дар масири таърих шинохта шуда, дар оинаи зиндагии инсон нақш бастааст.
     Дар ин росто, Ҳукумати кишвар доир ба рушди маърифату тафаккур ва бо ин васила, ба пешрафти маорифи миллии даврони соҳибистиқлолӣ як қатор санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ ва қарору барномаҳои бунёдӣ қабул кардааст. Дар ин самти муаррифии маорифи давраи Истиқлоли давлатӣ, аз ҷумла қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, “Барномаи давлатии такмил ва таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба соҳа аз зумраи ташаббусҳои судманди Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад, ки дар меҳвари он таваҷҷуҳ ва дастгирии масъулини соҳаи маориф қарор дорад. Бинобар ин, мо, омӯзгорон ва аҳли маорифи вилоят раванди “маориф – шаҳсутуни ҷомеа”-ро муназзам бояд нигоҳ дорем ва бо азму субот ва донишу маҳорати педагогии худ устувор гардонем.
         Ҳамкасбони азиз!
         Пешравии кору фаъолият дар ҳамбастагиву муттаҳидӣ аст. Ҳамин меҳвари асосиро, биёед, барои расидан ба мақсаду мароми пешгузошта, ки омили ягонаи баланд бардоштани маърифати насли наврас, таҳсилоти фарогири замона, маҳорату малакаи омӯзгорон то сатҳи ҷаҳонӣ аст, аҳлона бо рисолати касбӣ дар иҷрои вазифа содиқона заҳмат кашем. Маърифату донишу тафаккури миллии воқеӣ аз ҷанбаи ахлоқ, дониш, адолати иҷтимоӣ ва таъмини арзиши инсонии ҳар фарди ҷомеа, алалхусус, омӯзгор бояд иборат бошад. Барои даст ёфтан ба ин раванд эҳёи миллии маънавибунёд, эҳсос ва рисолати худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баҳри бархурдории толибилмон шарт ва зарур аст.
      Пешвои муаззами миллат ба омӯзгорон эътиқоду эҳтироми самимӣ доранд. Боиси шарафмандии мо, омӯзгорон, мебошад, ки Сарвари давлатамон дар ин бора иброз доштаанд: “Маҳз муаллим аст, ки  доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд”. Дар партави баҳои баланди Сарвари давлат имрӯз зарурате пеш омадааст, ки қадр ва манзалати омӯзгорро боз ҳам боло бардорем. Афкору андешаҳои созандаи собиқадарони соҳаро барои тақвияти донишу малакаи шогирдон ва умуман маорифи миллӣ босамар истифода барем.
       Ҳаёти воқеӣ исбот кардааст, ки илму дониш, нерӯи зеҳнӣ – дар маҷмӯъ, маърифату маориф дар ҷомеа мавқеи калидӣ доранд ва таъмини рушди миллат, пешбурди маънавиёт ҳассагузор ҳастанд. Танҳо ташкилу баргузории озмунҳои фаннӣ ва иштироки доираи васеи хонандагон ба сабқати мактабӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, ҷумҳуриявию байналмилалӣ далели он аст, ки ислоҳоти фарогири соҳаи маориф ҷанбаи эҳсоси худшиносиву меҳанпарастӣ, садоқат ва меҳру муҳаббати самимӣ ба рушду ободи давлату миллат буда, насли ҷавони кишварро ба донишу маърифати бунёдӣ ҳидоят менамоянд.
Ҳамкасбони азиз!
      Мактабҳои намуди нав ва дигар паҳлуҳои соҳаи маорифи даврони истиқлол имрӯз муаррифгари мақому манзалати омӯзгор буда, хонандагонро дар рӯҳияи баланди худшиносии миллӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ахлоқи ҳамида ба камол мерасонанд. Ҳамчунин аз мо, омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф тақозо менамояд, ки дар шароити торафт мураккабу печида гардидани авзои сиёсии ҷаҳон зарур аст, ки ҳар яки мо ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна  дасисаи бадхоҳони миллати тоҷик фирефта нагардем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем, сарзамини аҷдодии худро дӯст дорем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиамонро содиқона ҳифзу эҳтиёт кунем ва саъю талоши фарзандони худро барои дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони маҳбубамон дареғ надорем. Махсусан, имрӯз баланд бардоштани сатҳи таълими фанни омодагии дифои ҳарбӣ, аз нав эҳё кардани машқҳои дастҷамъонаи таълимии ҳарбӣ ва ба ин васила  бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ аз вазифаҳои муҳими маорифчиён маҳсуб мешавад.
     Барои муҳайё кардани зиндагии шоистаи мардум мутахассисони соҳибкасб, навовар, ихтироъкор ва ташкилотчӣ заруранд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки аз сатҳи мактаб барои омодасозии кадрҳои замони муосир азму субот нишон диҳем.
       Итминони комил дорем, ки ҳамаи шумо — фаъолони вилоят, муроҷиати моро бо дарки масъулият ҷонибдорӣ менамоед ва дар ҳамбастагӣ баҳри шукуфоии кишвари маҳбубамон, пешрафти маориф ва маънавиёти ҷомеа саҳми арзишманд мегузорем.
         Омӯзгорони гиромӣ, шуморо даъват менамоем, ки дар ин масир ҳама якҷоя, бо камоли касбият ва масъулият чораҳои судман андешем, ки таъсир ва нуфузи мактабу маориф, таҳсилоту маънавиёти соҳа, сатҳи таҳсилоту маънавиёти насли наврасро баланд бардорем, онро ба раванди ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем. Ва он гоҳ нуфузи маорифи миллии ҷомеаи муосирамон низ назаррас хоҳад шуд.
Муроҷиатнома дар ҷаласаи ҳайати
мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд,
12 май соли 2022, қабул шудааст
Смотреть статистику
Продвигать публикацию
 
9292
 
Комментарии: 11
Поделились: 125

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДКОРИВУ СОЗАНДАГӢ!

      279753751_368951148611941_6898858968692854905_nДар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд бо нишондоди Раёсати маорифи вилоят корҳои бунёдкориву созандагӣ бомаром идома дорад.
       Таи ҳафтаи охир синфхонаи маҳфили «Сӯзанидузии дастии Лола» аз нав таъмир ва бо тарҳи наву замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шуд.

(далее…)

ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «ТУРСУНЗОДАХОНӢ» ДАР ШАҲРҲОИ БӮСТОН ВА ИСТАРАВШАН ПУРШУКӮҲ ДОИР ГАРДИД.

      279090646_552401329828283_7102222353816154056_n Бо хотири гиромидошти хотираи неки Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода даври шаҳрии озмуни  «Турсунзодахонӣ»  дар шаҳрҳои Бӯстон ва Истаравшан бо корбарии Марказҳои таҳсилоти иловагӣ ташкил ва баргузор гардид.
       Мақсади асосии озмуни мазкур ҷалби аъзоёни маҳфилҳои Марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва наздимактабӣ ба адабиёт, шеъру шоирӣ, бедор намудани ҳисси эъҷодкорӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, бой гардонидани захираи луғавӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстона ва таҳкими эҳсоси худогоҳиву худшиносии насли наврас мебошад.278919415_552401436494939_9101761141306885546_n
       Дар натиҷа беҳтаринҳо муайян, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
      278574411_552401736494909_8798558306348211518_nБаргузории даври вилоятии озмун санаи 28 апрели соли 2022 дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст.

(далее…)

“Тоҷикистон — Ватани азизи ман”

279036133_362185475955175_3428425915079000194_n      Дар машварати доимоамалкунандаи муовинони директор оид ба таълими муассисаҳои таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дирӯз дар МТМУ №10, Ҷамоати деҳоти Ёва баргузор гардид, 11 соат дарс аз ҷониби омӯзгорон пешниҳод шуд.

(далее…)

Корҳо амалан пешрав бошанд.

278634340_362096822630707_8407945588273940627_n      Санаи 26-уми апрели соли равон тибқи нақшаи кории Раёсати маорифи вилояти Суғд фаъолияти муассисаҳои таълимии миёнаи умумии рақамҳои 14, 50, 61 ва муассисаи таълимии томактабии рақами 11-и деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби мудири шуъбаи кадрҳо ва сармутахассиси шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ ва омори Раёсат мавриди санҷиш қарор гирифт.

(далее…)

Тарбияи насли наврас-тақозои замон.

        Бо мақсади 278578425_361646566009066_7441932564529455230_nсанаи 26 апрели соли 2022 дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз ҷониби кормандони Раёсати маорифи вилояти Суғд дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии №20, 27 ва 40-и шаҳри Хуҷанд боздид ба амал оварда шуд.
       Дар рафти боздид маълум гардид, бо вуҷуди эҷодкорию пешравиҳо камбудиҳо низ дар самти қабули кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, риоя нагардидани ҷадвали машғулият дар баъзан аз гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб ва ба талабот ҷавобгӯ набудани тозагӣ дар гурӯҳҳо ҷой доштанд.
 

(далее…)

ҶОМЕАИ СОЛИМ АЗ МУҲИТИ СОЛИМ ТАШАККУЛ МЕЁБАД

     Бо иштироки кормандони Раёсати маорифи вилоят, сардорони Раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, диШУРОИ 1ректорони Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, роҳбарони Марказҳои таҳсилоти иловагӣ, роҳбарони як қатор муассисаҳои таълимӣ семинари машваратӣ – дастурдиҳии вилоятӣ доир гардид.

       Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим Қосимӣ дар мавзӯи “Пешрафти маорифи миллӣ – ояндаи неки кишвар, саҳми аҳли маориф дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва пешгирии бегонапарастии хонандагон”  маърӯза намуда, ҳозиринро бо вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, шинос намуд.  Мавсуф оид ба саҳми аҳли маориф дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва пешгирии бегонапарастии хонандШУРО 2агон, ҷиноятсодиркуниву қонунвайронкунӣ батафсил истода гузашт.  Аз ҷумла номбурда таъкид кард, ки Паёми навбатии Сарвари давлат ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯзаро фаро гирифта, масъулияти ҳар яки моро ҷиҳати устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ боло мебардорад. Паём ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошад. Пешвои миллат дар Паёмашон диққати ҳозиринро ба куллан тағйир додани сатҳу сифати донишомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷалб карда, хеле бамаврид таъкид карданд, ки агар мо ба рушди илму маориф эътибори ҷиддӣ надиҳем, сатҳи дониши мутахассисонамонро ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нагардонем, ба ягон хел натиҷаҳои ниҳоии хуб ноил шуда наметавонем.

     ШУРО 3   Перомуни саҳмгирии маорифчиён дар мавриди роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва дар замина баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, пешгирии ба муҳоҷират рӯ овардани тарбиятгарони насли ояндасоз, аз таълим берун мондани хонандагон, ҷилавгирии хонандагон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, сабаб ва омилҳои ба вуҷуд омадани оилаҳои ноустувор, душвортарбия будани ноболиғон, тақлид ба фарҳанги бегонапарастӣ, роҳ надодан ба ҷиноятсодиркунии хонандагон ва ба худкушию сӯиқасд ба ҷони худ ибрози ақида намуда, бо мисолҳои мушаххас вазъи ба амал омадаро бозгӯ намуд. Аз ҷумла зикр шуд, ки яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир, ки тамоми ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст, зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм мебошад. Яке аз омилҳои асосии омодашавӣ ва гумроҳшавии ҷавонон, ки ниҳоят ба ҳодисаву воқеаҳои экстремистиву террористӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ оварда мерасонад, ин тадриси динии насли наврас ва  ҷавонони ноогоҳ  дар назди «муллоҳои  худомўз» ба ҳисоб меравад. Таъкид карда шуд, ки дар шароити кунунӣ мо бо ҷалби аҳли ҷомеа, бахусус падару модар бояд наслеро тарбия карда, ба воя расонем, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ ба талаботи ҷаҳони муосир мувофиқ бошанд. Мавсуф дар идомаи суханронии худ яке аз омили аз тарбия дур мондани хонандагонро  дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани волидон рабт дошта, зикр намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз аҳли ҷомеа бо он рӯ ба рӯ шудааст, ин туфайли  муҳоҷирати меҳнатӣ ба амал омадани оилаи ноустувор, хонандагони душвортарбия ва аз таълиму дур мондани наврасону ҷавонон аст. Қайд шуд, ки ҳарчанд 84 нафар хонандагони душвортарбия ба маҳфилҳои ҳунаромӯзии Марказҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб  шудаанд, ин тадбир дар мавриди пешгирии ҷиноятсодиркунии наврасону ҷавонон кифояткунанда нест.

        Вобаста ба масъалаи муҳокимашуда дар назди ҳозирин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Ғолибон муайян шуданд

     IMG_20211117_100958Дар Плнетарияи ба номи Абумаҳмуди Хуҷандӣ ба муносибати эълон гардидани солҳои 2020 — 2040  “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” озмуни вилоятии “Мошинаҳои ояндаи коинот”  баргузор гардид.
Ҷонишини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов дар маросими оғози чорабинӣ қайд намуд, ки озмуни вилоятии  “Мошинаҳои ояндаи коинот” дар давраи басо муҳим гузашта истодааст. Зеро бе аз худ намудани техника ва технологияҳои пешқадам тараққиёти ҷомеаи ҷаҳониро тасаввур кардан душвор аст. Ташкилу баргузории озмуни имрӯза ба сайқали донишу малакаи насли наврас вобаста ба аз худ намудани техникаву технологияҳои ҳозиразамон ва дар оянда фахри халқу миллати сарбаланди мо мегарданд, мусоидат хоҳад кард. (далее…)

Бори аввал – минбаъд анъанавӣ

       878787878Ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, № АП-44 дар бораи  ташкил ва гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” таи чор рӯз  дар  шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмун баргузор гардид.
Дар давраи ниҳоии ин озмуни бонуфуз вилояти Суғдро 74 нафар, аз ҷумла 37 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва 37 нафар донишҷӯёну омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун намояндагӣ намуданд.
Намояндагони вилоят дар аксар бахшҳо ҳунару маҳорат, истеъдоди воло намоиш дода, ба дарёфтҳои ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд.676788787
Аз ҷумла, дар бахшҳои биология, география, химия, физика, ихтироъкорӣ ва навоварӣ хонандаи синфи даҳуми Литсейи № 1-и шаҳри Исфара М. Ҷӯраев, хонандаи синфи даҳуми мактаб барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров О. Рӯзиев, хонандаи синфи ёздаҳуми мактаби Президентии шаҳри Бӯстон С. Машарифов, хонандаи синфи даҳуми Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ А. Бойматов хонандаи синфи даҳуми мактаби хусусии “Гулчини маърифат”-и шаҳри Хуҷанд И. Темирхоҷаев туфайли донишу маҳорати баланд  ба дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд.
Ҳамчунин, дар озмун донишҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят, намояндагони касбу кори гуногун аз рӯи бахшҳо ғолибият ба даст оварданд.
сатторова 5  Соҳибони се ҷои аввали озмун бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷом ва мутаносибан бо маблағи 35, 25, 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ  сарфароз гардонида шуданд.
Шоистаи қайд аст, ки иштирокчиёни фаъоли озмун бо Ифтихорномаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва 8 нафар  ҳар кадом ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.
Тазаккур бояд дод, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол бори аввал роҳандозӣ гардида, баргузории он солҳои минбаъд анъанавӣ хоҳад гардид.сатторова 2сатторова 4

Д. САТТОРОВА,

сармутахассиси Раёсати
маорифи вилояти Суғд