Давоми се рӯз роҳбарони сохторҳои Раёсати маорифи вилоят бо мақсади аз наздик ошоноӣ пайдо намудан бо раванди таълиму тарбия, иҷроиши барномаҳои давлатии соҳа аз мактабҳои ноҳияи Шаҳристон дидан намуданд. Натиҷаи санҷишу мушоҳидаҳо зимни баргузории ҷаласаи корӣ бо иштироки сарварони мактабҳо, масъулони шӯъбаи маорифи ноҳия таҳлилу баррасӣ шуданд.
Сайфулло Раҳматов, муовини сардори Раёсати маориф зимни баромади хеш аз рафти давомоти хонандагон, омодагии омӯзгорон ба дарс, ҳуҷҷатгузорӣ, иҷроиши барномаҳои давлатии соҳа, робитаи мактаб бо волидон, сохтмони мактабҳо, ташкили дарсҳои иловагӣ, самаранок истифода бурдани машғулиятҳои варзишӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, вусъат бахшидани кори маҳфилҳои ҳунарӣ, ҷалби хонандагон ба китобхонӣ ва дар ин замина боз ҳам хубтар ба роҳ мондани кори китобхонаҳо ҳарф зада, иҷроиши ин амалҳоро боиси пешрафти мактабу маорифи ноҳия донист.
Маорифчиёни ноҳия қавл доданд, ки барои беҳбудии соҳа минбаъд кӯшиш меварзанд.