img_0008Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки рӯзҳои 20-22 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад,  бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди кӯдаконаи СММ (ЮНИСЕФ) Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об баргузор гардид.

Тавре аз маркази таьсилоти иловагии вилоят иттилоъ доданд, анҷумани мазкур  аз 3 бахши асосӣ иборат буда, дар он даҳҳо шарикони миллию байналмилалӣ, кӯдакон ва наврасон иштирок намуданд.

 Дар Анҷуман кӯдакон бо се забон доир ба манфиати об, ҳифз ва истифодаи самараноки он сухан гуфта, бе об мавҷуд набудани ҳаётро бори дигар ба ҳозирин фаҳмониданд.

Яке аз бахшҳои асосии Анҷуман баргузории намоишгоҳ буд, ки дар он 14 лоиҳаи беҳтарини озмуни ҷумҳуриявии «Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ» ба маърази намоиш гузошта шуданд, ки мақсад аз он дарёфти роҳу воситаҳои навоваронаи таъмини об ва беҳдошт мебошад. Ба гуфти Директори маркази таьсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов аз вилояти Суғд хонандагони муассисаҳои таълимии №10 шаҳри Хуҷанд, Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон, Литсейи №2 ва Гимназияи №1 ноҳияи Ашт, МТМУ№1 ноҳияи Айнӣ ҷамъ 7 лоиҳа бо фарогирии 23 хонанда лоиҳаҳои худро омода ва пешкаш намуданд.

Ҳамчунин иштирокдорон иртиботи таъмини об ва беҳдоштро бо инкишофи барвақтии кӯдакон зимни ҷаласаи ҷудогона бо ҳузури коршиносони ҷаҳонӣ аз Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин фаъолони миллӣ ва волидон баррасӣ карданд.

Дар ҷамъбаст лоиҳаи беҳтарини озмуни ҷумҳуриявии «Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ» лоиҳаи хонандагони Литсейи №2 ноҳияи Ашт ҳисобида шуда, соҳиби шоҳҷоиза гардиданд. Ба ин тартиб дастаи вилояти Суғд дар озмуни ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи аввал гардид.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>