IMG_6058Ҳамасола бо мароми неки созанда ва ғояҳои наву тоза ба кулли мардуми кишвар ироа гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарварро болидахотиру ифтихорманд месозад. Болидахотир аз имрӯзи ободу осоишта, мароми неку ниятҳои хайр ва омоли созанда ба хотири беҳдошти зиндагии мардум, осудагии ҷомеа ва ободии кишвари азизамон Тоҷикистон, ифтихорманд аз андешаи миллӣ ва ғояи абадзиндаи башардӯстиву некмаҳзарӣ!
Роҳбари давлат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 дастоварду комёбиҳои соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро таҳлилу баррасӣ намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои оянда мушаххас намуданд. Паём ба ҳайси раҳнамо ва ҳидоятгари имрӯзи обод ва фардои дурахшони мардуми заҳматқарину сарбаланди Тоҷикистон баромад намуда, самтҳои муҳими рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии кишварро дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ мушаххас ва равшан месозад.
Дар иртибот ба моҳияту муҳтаво ва нуктаҳои асосии Паём Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар филиали МД  “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф”  дар вилояти Суғд бо иштироки олимону устодон ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси вилоятӣ дар мавзӯи  «Паём ва масъалаҳои рушди соҳаи маориф» конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид.
IMG_6055Чорабиниро муовини директор оид ба илм ва инноватсияи филиал Шавкатҷон Рустамов ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба самтҳо, ҳадафҳо ва рисолати таърихии Паёми Пешвои муаззами миллат баҳри рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла таълиму тарбия ва рушди илму маориф ибрози назар намуд. Сипас, тибқи барнома дар мавзӯҳои «Масъалаҳои илму маориф дар Паёми Пешвои миллат»,  «Ҳадафҳои Паём», «Роҳ ва усулҳои амалишавии Паёми Пешвои миллат дар омӯзиши забонҳо”, «Масъалаҳои забон ва китобхонӣ дар Паёми Пешвои миллат», «Ҳифзу гиромидошти ҳофизаи таърихӣ», Послание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомалӣ Рахмона в области науки и образования» устодони донишкада Нурулло Ҳомидов, дотсенти кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарии филиал, Рӯзиева Мавлуда, дотсенти кафедраи методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзӣҲакимова Зебо, омӯзгори фанни забони англисии МТМУ №81, н.Б.Ғафуров, Амонбоев Далерҷон, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №43, н.Б.Ғафуров, Салимова Сабоҳат,  омӯзгори  фанни таърих ва ҳуқуқуи Гимназияи «Кавсар», шаҳри Хуҷанд, Целебко Екатерина, омӯзгори забони русии  МТУҒ «Паймон»-и шаҳри Хуҷанд
IMG_6045Дар маърӯзаҳо таъкид гардиданд, ки барои ҷомеаи пешрафтаву мардуми саодатманди ин кишвари обод барои фаъолияти озоду осоишта, вусъати созандагиву бунёдкориҳои бесобиқа ва таъмини шароити зиндагии арзанда тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам мебошад. Моро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳои зиндагӣ, яъне сулҳу субот ва ободию осоиштагӣ расида, бо кору рафтори созандаи худ диёрамонро боз ҳам ободтар ва ҳамқадами ҷаҳони муосир гардонем ва ба сӯи ояндаи ободу осоишта қадамҳои устувор гузорем. Дар ин ҷода Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дигар Паёмҳо ҳидоятгару раҳнамои ҳамешагии мо – маорифчиён аст.

  Дар анҷоми конференсия ба шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси вилоятӣ дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои хатми курс супорида шуд.

Шавкатҷон Рустамов, муовини

директор оид ба илм ва инноватсия

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>