Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Раиси вилояти Суғд аз мактаб — интернати шаҳри Бӯстон дидан намуда, бо хонандагон аз наздик мулоқоти озоду самимӣ орост. Зимни суханронӣ Раиси вилоят аз хонандагон даъват ба амал овард, ки бештар омӯзанд ва маърифати худро баланд бардоранд. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дастгир ва мутаккои кӯдакон ҳастанд ва барояшон имконияти таҳсилу истироҳатро фароҳам меоранд. Итминони комил дорам, ки шогирдони ин макони илму дониш дар оянда шахсиятҳои варзида ва чеҳраҳои мондагори арсаи кишвар хоҳанд шуд.
Дар идомаи вохӯрӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба толибилмон мавдҳои хониш, либосҳои мавсимӣ ва муҳимтар аз ҳама ба муассиса машинаи мусофиркашонии тамғаи “Мерседес” ҳадя гардид, ки аз ин таваҷҷуҳу ғамхории Раиси вилоят ҷомеаи меҳнатии муассиса изҳори шодмонӣ намуданд.
Дар ин бора маркази иттилоот ва таҳлили Раиси вилоят иттилоъ дод