Ҷаласаи навбатии мушовараи Раёсати маорифи вилоят бо натиҷабардорӣ аз фаъолияти панҷмоҳа субҳи имрӯз — 18 июн дар толори Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, мудирони шуъбаҳо, роҳбарони зерсохторҳои назди Раёсати маорифи вилоят, сардорони Раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо доир гардид.
Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилоят ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро бо рӯзномаи кори ҷаласа ошно намуд.Зайнура Азимӣ зимни баромади таҳлилӣ омодагии муассисаҳои таълимии вилоятро ба соли нави хониш бо назардошти чораандешӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус иброз дошта, зикр намуд, ки бояд дар самти таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим маорифчиён дар сафи пеш бошанд ва аз натиҷаҳои корҳои басубутрасонидашуда ҳар рӯз ба Раёсати вилоят ҳисобот диҳанд. Мавсуф ҳамзамон ҷиҳати омодагии муассисаҳои таълимии вилоят ба мавсими тирамоҳу зимистон, таъминот бо либоси мактабӣ, ҷалби хатмкунандагон ба муассисаҳои олӣ, литсею омӯзишгоҳҳои ҳунарӣ, дар сатҳи баланд доир намудани озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ…” ва “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” ва вазъи сифатии кадрӣ корҳо ҷоннок карда шавад. Ҳамзамон муовини Раиси вилоят доир ба 5 пешниҳоди Прокуратураи вилоят вобаста ба қонунвайронкуниҳо ибрози ақида намуда, барои бартараф намудани камбудиҳо дастури қатъӣ дод.
Дар идомаи кори ҷаласа Бахтиёр Сарҳадов, Сулҳия Каримова, Шуҳрат Азизов, кормандони Раёсати маорифи вилоят оид ба пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 09.06.2020, №11/67п-20 “Дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда марбут ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар 5 моҳи соли 2020”, дар бораи пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 08.06.2020, №11/66п-20 «Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда дар соҳаи маорифи вилоят вобаста ба масъалаҳои аттестатсиякунонӣ, додани дараҷаҳои тахассусӣ ба омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда», мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.06.2020, №03/2-600, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2020, №11/27-213сод вобаста ба пешниҳоди Прокуратураи шаҳри Панҷакент аз 22.04.2020, №11/1-573 оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 04.06.2020, №11/65п-20 «Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории ҷумҳурӣ вобаста ба тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, пешниҳоди Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 14 апрели соли 2020, №176/17-851 “Дар бораи бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида вобаста ба иҷроиши “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020” гузориш доданд.
Аз натиҷаи аттестатсияи Гимназияи №5-и шаҳри Истаравшан, натиҷаи аккредитатсияи давлатии Гимназияи №1-и ноҳияи Деваштич мутахассиси шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи маорифи вилоят Марҳабо Маъмурова гузориш дод.
Мудири шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ ва омор, назди Раёсати маорифи вилоят Раҳматҷон Зокиров аз натиҷаи таҳлили бақайдгирии довталабон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ дар соли таҳсили 2020-2021 дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ахброт пешниҳод намуд.
Ҳозирин рафти омодагӣ ва баргузории аттестатсияҳои аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоятро аз ҷониби Мунира Шарипова шуниданд.
Дар интиҳои кори ҷаласа сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ҷиҳати рафъи камбудиҳо аз қабили таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, раванди компютеркунонӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо ва сатҳи пасти касбияти сарварони мактабҳо, баланд бардоштани масъулияти омӯзгорон, таълимии ҳатмии хонандагон, сари вақт пешниҳод намудани маълумоти воқеии оморӣ, оид ба тадбирҳои пешгирии бемории сирояти коронавирус, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳамчунин беҳбуд бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, коҳиш додани сатҳи ҷиноятсодиркунӣ байни нобилиғон, таъминот бо китобҳои дарсӣ ва кам кардани қарзи харидории китобҳо аз сарварони Раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят пурсиш ба амал оварданд.
Бо тасдиқи нақшаи кории Раёсати маорифи вилоят барои нимсолаи дуюми соли 2020 ҷаласа ба кори худ анҷом бахшид.