Таътили тобистонаи кӯдакон бинобар хуруҷи бемории коронвирус барвақтар оғоз шуда, хонандагонро ба он водор намуд, ки бештар дар хона ба волидон кӯмак намоянд. Аз сӯи дигар фурсати муносибе барои андӯхтани дониш ва васеъ намудани маънавиёти хонандагон гардид. Дар қатори дигар толибилмони кишвар хонандагони синфи 3-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14, шаҳри Гулистон таътили тобистонаи худро бо мутоилаи китобҳои бадеиву шеърҳо хушу хотирмон мегузаронанд. Омӯзгорон сари чанд вақт ба хонаи шогирдон рафта, аз машғулияти онҳо бохабар мешаванд. Маъмурияти мактаб иқдом гирифтааст, ки беҳтарин китобхонҳоро дар оғози соли нави хониш бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ намоянд. Ин тадбир барои иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” заминаи хубе хоҳад буд.