Осим КАРИМЗОДА,
сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд,
доктори илмҳои таърих, профессор
ПАЁМ БА КОМЁБИҲО ҲИДОЯТ МЕНАМОЯД
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки санаи 26 январи соли равон тариқи расонаҳои ахбори умум ироа гардид, сокинони ваҳдатшиори мамлакат бо ифтихори бузург ва шукргузории афзун аз давлату давлатдории миллӣ истиқбол намуданд.
Пешвои муаззами миллат дар баробари таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами соҳаи хоҷаги халқи мамлакат ба соҳаи маориф ба ҳайси самти афзалиятнок дар сиёсати маърифатпарваронаашон дар Паёми навбатӣ таваҷҷуҳ ва эътибори хосса зоҳир намуданд. Зеро соҳаи маориф дар меҳвари ҳамешагии сиёсати даватдории Пешвои миллат мақоми махсус дорад. Имрӯз ба ҳайси шахси масъули соҳаи маорифи вилоят бо як ҷаҳон ифтихору саодат таъкид мекунам, ки дар Паёмашон Пешвои миллат барои беҳдошти соҳа ғамхоронаю дилсӯзона ҳар яки мо, аҳли ҷомеаро вазифадор намудаанд: “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгорон боз ҳам баланд бардорем”. Ин ҳидояти созандаи Сарвари давлат мо, кормандони соҳаи маорифро барои пешбурди фаъолият боз ҳам дилгарм ва масъулиятамонро дар роҳи иҷрои вазифа афзунтар мекунад.
Аҳли маорифи кишвар бори дигар боварӣ ҳосил карданд, ки тақдири имрӯзу ояндаи мактабу маориф барои давлат ва Ҳукумати кишвар бефарқ нест. Президенти кишвар, Пешвои миллат бо як эҳсосоти баланд дар ин бора сухан ронда, таъкид доштанд, ки пешбурди фаъолияти соҳаҳои гуногуни мамлакатамон бар дӯши кадрҳои баландихтисоси соҳа меистад.
Ҳамагон хуб дар хотир дорем, ки туфайл ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат заминаи моддию техникии муассисаҳои соҳаи маориф мустаҳкам гардида, шароити таълиму тарбия рӯ ба беҳбудӣ меоранд.
Ин ғамхорӣ дар он ифода мегардад, ки танҳо соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, дар маҷмӯъ, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст.
Яке аз нақшаҳои дурнамои соҳа, ки дар мадди назари ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор дорад, ин масъалаи баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми омӯзгор мебошад. Ба шарофати иқдомҳои ҳамешагии давлат ва Ҳукумат мақоми омӯзгорон торафт боло меравад ва эшон чун дар даврони шӯравӣ ба ҳайси раҳнамову тӯдакаши аҳли ҷомеа эътироф гардидаанд.
Хушбахтона, таҳти сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои миллат бо мақсади таъмини шаффофият, адолат, баланд бардоштани сатҳи тарбияи кадрҳо ва пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ дар миқёси ҷумҳурӣ соли ҳаштум аст, ки низоми нави дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ тариқи Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шуд. Ин тадбири муфид имкон дод, ки беҳтарин хонандагони мактабҳо тавассути дониши худ ба номи баланди донишҷӯи сазовор шаванд. Маҳз ҳамин омил боис шуд, ки сафи хонандагони аълохону боистеъдод дар муассисаҳои таълимӣ рӯ ба афзоиш ниҳад. Аммо бо вуҷуди корҳои назарраси иҷрошуда ҳанӯз мушкиливу муаммоҳои соҳа зиёданд. Аз ҷумла, яке аз онҳо сол то сол кам шудани шавқу рағбати хонандагон ба фанҳои дақиқ мебошад. Аксари олимони ҷавоне, ки солҳои охир рисолаи номзадиро ҳимоя кардаанд, мутахассиси фанҳои ҷамъиятиву гуманитарӣ мебошанд.
Бо назардошти тақвияти дониши техникӣ, рӯ овардани ҷавонон ба илмҳои равияи дақиқ «Солҳои 2020 – 2040 солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Ҳамзамон, ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб гардидани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон аз ҷониби Пешвои миллат дар Паёмашон ҳамасола баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Илм – фурӯғи маърифат” эълон шуд, ки гумон мекунам дар радифи озмунҳои “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон, Ватани азизи ман” обрӯ ва нуфузи хеле калон касб мекунад.
Ба суръати умум пеш рафтани техникаву технология ва ҷойгоҳи хосаро дар рӯзгори мардум касб кардани воситаҳои муосири техникӣ, эҳтиёҷ ба кадрҳои баландихтисоси соҳаро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон масъулинро вазифадор мекунанд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»–ро таҳия карда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Кӯдакон фардои ин миллати босаодатанд ва роҳбарону масъулин дар ин росто дастур гирифтанд, ки дар муддати кӯтоҳ дар деҳот муассисаҳои таълимии томактабӣ, майдончаҳои варзишӣ бунёд намоянд. Дар Паём таъкид гардид, ки соли гузашта ҳамагӣ 14 муассисаи томактабӣ барои 2520 кӯдак бунёд гардидааст, ки ин нишондиҳанда ҷавобгӯи талаботи рӯз нест. Пешвои муаззами миллат ба роҳбарони вазорати маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки барои бунёди кӯдакистонҳо, марказҳои инкишофи кӯдакон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд. Ин башоратест, ки аз ояндаи дурахшони соҳаи муассисаҳои томактабӣ дарак медиҳад ва маорифчиёнро рӯҳбаланду сарфароз мегардонад.
Пешвои муаззами миллат дар мавриди гиромидошти забон, рӯ ба китобу китобхонӣ овардани ҳамаи қишрҳои ҷомеа, огоҳ будан аз гузаштаи пурғановати таърихи тоҷикон сухан карданд. Изҳор доштанд, ки “Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад”. Роҳандозӣ шудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” маҳз аз ҳамин нуктаи назар сарчашма мегирад ва он барои шинохти асолати миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ нақши мондагор дорад.
Дар масъалаи дуруст ба роҳ мондани забономӯзӣ аз қабили забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ сухан ронда, иқтибосеро аз Паёми президенти кишвар хотирнишон сохта, чунин баён менамоям, ки ба роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, инчунин ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ супориш дода мешавад, ки дар давоми чор соли оянда масъалаи пурра бо омӯзгорони фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, дар навбати аввал, русиву англисӣ таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумиро ҳал намоянд.
Инчунин, ҷиҳати ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии муаллимон мунтазам чораҷӯӣ карда, доир ба вазъи корҳо дар ин самт ба Ҳукумати мамлакат ҳар сол гузориш диҳанд.
Вазифаҳое, ки дар суханрониҳои Президенти кишвар доир ба ҳалли масъалаҳои калидӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои миллӣ барои оянда гузошта шуданд, танҳо ба хотири рушди иқтисодию иҷтимоии давлатамон, таҳкими имкониятҳои иқтисодии он ва албатта, ба хотири боз ҳам беҳтар шудани сатҳи некӯаҳволии халқамон равона гардидаанд.
Дар ин замина агар ба мушоҳида гирем, эҳсос мешавад, ки аз Паём то Паём дар ҳама ҷанбаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла дар соҳаи маориф дастовардҳои зиёде ба назар мерасанд. Масалан, дар Паёми соли гузашта Пешвои миллат аҳли маорифи кишварро ҷиҳати ворид шудан ба фазои ягона ва ҷорӣ намудани меъёри ягонаи таҳсилот, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълим вазифадор карда буданд.
Болоравии сифати таълиму тарбия, аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии давлат дар соҳаи маориф маҳсуб мегардад. Ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат ва давлату Ҳукумат вазифаҳои мо — аҳли маорифро барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир муайяну мушаххас менамояд.