Дар Муассисаи давлатии мактаби президентии шаҳри Бустон бо иштироки собиқадорон, бонувони фаъолу барӯманди соҳаи маорифи вилоят ба ифтихори Рӯзи модар маҳфили идона баргузор гардид.
Чорабиниро сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ифтитоҳ бахшида, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шахсан аз номи Раҷаббой Аҳмадзода аҳли нишастро табрик намуд. Мавсуф дар идомаи суханронӣ зикр дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати аввалиндараҷа равона намудаанд. Гиромидошти Рӯзи Модар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидои рӯзгори хуш, рӯзи сабзгуну гулбези модарону бонувон арзёбӣ шудааст. Пешвои миллат зимни суханрониашон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши модаронро дар таҳким ва рушди ҷомеа, оила, таълиму тарбияи фарзандон муҳим арзёбӣ намуда, таъкид доштаанд, ки саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт меафзояд. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.
Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бонувонро бо ин ҷашни баҳору зебо табрику таҳният гуфта, барояшон сарсабзиву саломатӣ, зиндагии пурхайру нишот, бахту иқбол, рӯҳи саршору тани нерӯманд ва пирӯзиҳову комгориҳои нав ба нав орзу намуд.
Дар идомаи чорабинӣ ғолибону иштирокдорони озмунҳои “Муаллими соли Тоҷикистон” ва “Мураббии соли Тоҷикистон”, омӯзгорону мураббияҳои навовару пешқадам бо Ифтихорномаю Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати маориф сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аъзои дастаи ҳунарии назди Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, хонандагони Муассисаи давлатии мактаби президентии шаҳри Бӯстон, ҳофизони мумтоз Дилрабо Қурбонова, Нозими Юсуфзод, Маҳками Баҳриддин ва дигарон бо суруду тарона ва рақсҳои марғуб хотири аҳли нишастро шод намуданд.