Рӯзҳои 11-12 апрели соли ҷорӣ дар мактаб-парваришгоҳи ба номи Б.Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ таҳти сарпарастии Маркази миллии тестӣ Олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагон аз фанҳои табииӣ-риёзӣ баргузор гардид.
Дар он дастаи мактаббачагони вилоят иборат аз 36 нафар — ғолибони даври вилоятии Олимпиада аз фанҳои физика, химия, математика, технологияи информатсионӣ, билогия ва ҷуғрофия қувваозмоӣ намуданд. Дар ҷамъбаст 21 нафари онҳо ба дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 7 нафар ҷойи аввал. 4 нафар ҷойи дуввум ва 10 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд, ки нишондиҳандаи беҳтарин дар ҷумҳурӣ мебошад.
Ба ғолибон Ифтихорнома, медал ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд. Дар Олимпида шогирдони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Исфара ва Хуҷанд бештари ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Хонандаи мактаби миёнаи № 2-и ноҳияи Айнӣ Бежани Облобердӣ бори нахуст аз ноҳияи Айнӣ ба дарёфти ҷойи аввал аз фанни физика дар чунин озмуни бонуфузи илму дониш мушарраф гардид.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтае қабл дар Олимпидаи ҷумҳуриявии хонандагон аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ низ дастаи мактаббачагони вилоят сазовори 20 ҷойи ифтихорӣ гардида буд.