Бомақсади вусъат бахшидан ба қобилияти эҷодии кӯдакону наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави иҷрокунандагони нақшҳои таърихӣ, овозхонҳо, навозандагон, раққосон, наттоқон, ровиён ва дигар ҳунармандон бахшида ба Соли рушди фарҳанг ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории ноҳияи Ҷ.Расулов даври минтақавии фестивал-озмуни вилоятии «Сапеда» бо иштироки ғолибони даври шаҳрӣ-ноҳиявии озмун аз шаҳру ноҳияҳои Чкалов, Б.Ғафуров, Мастчоҳ, Ҷ.Расулов ва Қайроққум гузаронидашуд.Дар бахши овозхонӣ аз ноҳияҳои Ҷ.Расулов, Б.Ғафуров, Мастчоҳ ва шаҳри Чкалов, дар бахшҳои навозандагӣ ва рақс аз ноҳияи Ҷ.Расулов, дар бахши ровиён аз шаҳри Чкалов, дар бахши достонсароӣ аз ноҳияи Б.Ғафуровва аз рӯи бахшҳои ҳунари актёрӣ ва ҳаҷвнигорӣ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Қайроққум ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
14 май дар шаҳри Исфара, 18 май дар ноҳияи Зафаробод ва 21 май дар ноҳияи Айнӣ бо иштироки хонандагони дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни минтақавӣ доир мегардад.
Баргузории даври вилоятии озмун санаи 28.05.2015 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.