6 инюни дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят, тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.04.2015, № 936 «Дар бораи гузаронидани чорабинии «Занги камолот» дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» чорабинии тантанавӣ доир ба хатми мактаб доир гардид.
Мутобиқи фармоиши мазкур чорабинӣ дар доираи 45 дақиқа аз соати 8.00 то соати 8.45 давом намуда, баъдан машғулиятҳо тибқи ҷадвали дарсҳо ба роҳ монда шуданд.
Чорабинии «Занги камолот» танҳо бо иштироки хонандагони синфиҳои 9 ва 11 ташкил карда, ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, озмунҳои байналмилалӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ , ҳамчунин хонандагони аълохону пешқадам бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки имсол синфи 9-ро 43906 нафар, аз ҷумла 21342 нафар духтарон ва синфи 11-ро 33015 нафар, аз ҷумла 16467 нафар духтарон хатм менамоянд. Дар давоми соли таҳсил хонандагони мактабҳо бо дастовардҳои калон ноил гардиданд. Аз ҷумла, дар Олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ, номӣ, даставӣ 137 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, 73 нафар ё худ 53,3 фоизашон ба гирифтани ҷойҳои фахрӣ ноил гардиданд, ки ин нишондиҳанда дар сатҳи ҷумҳурӣ беҳтарин мебошад.
Ғайр аз ин 8 нафар хонандагони мактабҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафуров дар олимпиадаи байналхалқӣ аз фанҳои физика, химия, билогия, забони англисӣ ва география дар шаҳри Анталияи Туркия, 6 нафар хонандагони мактаби Президентӣ дар озмуни ҳимояи лоиҳаҳои илмӣ аз фанни математика ва иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Қазоқистон, 9 нафар хонандагони муассисаҳои таҳлимии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафуров дар олимпиадаи байналхалқии фаннӣ дар шаҳри Новосибирски ФР фаъолона иштирок намуданд.
Дар ин радиф 32 нафар хонандагони пешқадами вилоят дар олимпиадаи байналмилалии ҷавонон аз фанҳои ҷамъиятӣ, физика, химия ва математика, ки дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Толяттии ФР доир гардид, ғолибият ба даст оварданд.