13.11.2015 дар машварати кории навбатии назди сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосимӣ, ки бо иштироки муовини Раиси вилоят Ғаффорӣ Назира Абдуллозода, ёрдамчии калони Прокуратураи вилоят- сарпарасти соҳаи маориф Зафар Қаюмзода, кормандони масъули дастгоҳи Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони муассисаҳои таълимии хусусӣ ва дигар шахсони даъватшуда доир гардид, масъалаҳои зерин баррасӣ шуд: натиҷаи баррасии Пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд оиди бартараф намудани қонунвайронкуниҳои коррупсионӣ ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда аз 20.10.2015, №21/46-15, баррасии Пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда вобаста ба ҳолати иҷрои қонунгузориҳо дар бораи маориф оиди сифати таълиму тарбия ва хизматрасонии пулакӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ ва ғайридавлатии шаҳру ноҳияҳо аз 05.11.2015, №21/51-15, рафти ҷамъоварӣ ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, таҳлили вазъи пешниҳоди маълумоту ҳисоботҳо аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва масъалаҳои ҷорӣ.
Машварати кориро сардори Раёсати маорифи вилоят кушода, баъди муаррифии меҳмонони расмӣ ва шинос намудани аҳли толор бо рӯзномаи машварати корӣ иброз дошт, ки Пешниҳоди Прокуратураи вилоят аз 20.10.2015, №21/46-15 қаблан дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят баррасӣ ва вобаста ба он қарори дахлдор қабул шуда буд. Аммо гузориши Раёсати маорифи вилоят оид ба натиҷаҳои баррасии ин Пешниҳод аз ҷониби Прокуратураи вилоят нопурра ва номукаммал ҳисобида шуд.
Ба санаи 5 ноябр, ки дар қарор муҳлати охирини андешидани чораҳо ва пешниҳоди маъулумотномаҳо нишон дода шуда буд, аз 18 шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияи вилоят ҳамагӣ масъулини соҳаи маорифи 8 шаҳру ноҳия оид ба корҳои дар самти ислоҳи камбудиҳо анҷомдода ва чораҳои амалии андешидашуда гузориш пешниҳод намуда бошанд ҳам, мутаассифона, аксари ин гузоришҳо нопурра буданд.
Бо назардошти ин, муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ аз сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал оварда, чораҳои интизомии нисбати нафарони дар фаъолияташон ба қонуншиканию амалҳои коррупсионӣ роҳ дода андешидашударо нокифоя арзёбӣ кард. Аз ҷумла мавсуф баъди ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додан то ҳол ба ҳайси сарварони мактаб адои вазифа намудани директорони гимназияи № 1-и ноҳияи Б.Ғафуров, гимназияи № 13-и шаҳри Хуҷанд, мактаби миёнаи № 33-и ноҳияи Ғончӣ изҳори нигаронӣ кард.
Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид намудаанд, ки омӯзгор дар фаъолияти худ ба хато кардан ҳуқуқ надорад. Аз ин лиҳоз онҳое, ки дар фаъолияташон ба қонуншиканию ҷинояткорӣ роҳ додаанд ё дар гузашта бо чунин амалҳо алоқамандӣ доштанд, набояд дар вазифаи роҳбари муассисаи соҳаи маориф фаъолият баранд,-гуфт Назира Ғаффорӣ. Ӯ ҳамзамон рӯ ба афзоиш ниҳодани амалҳои ғайриқонуниро натиҷаи бепарвоӣ ва назорати сусти масъулини соҳа арзёбӣ кард ва супориш дод, ки нисбати нафарони номашон дар Пешниҳоди Прокуратураи вилоят зикршуда чораи интизомӣ дар намуди озод намудан аз вазифа андешида шавад. Дар ин радиф ба сардори Раёсати маорифи вилоят дастур дода шуд, ки минбаъд дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда эҳтиёткор бошад ва зиндагиномаю фаъолияти меҳнатии ҳамаи сарварони имрӯзаи муассисаҳои соҳаро мавриди омӯзиш қарор диҳад.
Дар идомаи машварат иштирокчиён бо Пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда вобаста ба ҳолати иҷрои қонунгузориҳо дар бораи маориф оиди сифати таълиму тарбия ва хизматрасонии пулакӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ ва ғайридавлатии шаҳру ноҳияҳо аз 05.11.2015, №21/51-15 ва Пешниҳоди Прокуратураи ҳарбии вилоят дар бораи бартараф намудани қонунвайронкунӣ, сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда ҳангоми иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шинос шуда, баромади ёрдамчии калони Прокуратураи вилоят Зафар Қаюмзодаро шуниданд.
Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ зимни саволу ҷавоб бо сардори Раёсати маорифи вилоят, сарварони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва масъулини соҳаи маорифи як қатор шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки маблағи хизматрасониҳои иловагии пулакиро ҳатман бо хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа намоянд. Ҳамзамон масъалаи ба талаботи стандартҳои давлатӣ мутобиқ сохтани муассисаҳои мавҷуда, риоя намудани меъёри қабули хонандагон, хотима бахшидан ба ҳар гуна маблағҷамъкунӣ аз падару модарон ва аз биноҳои давлатӣ баровардани мактабу кӯдакистонҳои хусусӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Сардори Раёсати маорифи вилоят барои ташриф ва таҳлили беғаразонаи вазъият ба Назира Ғаффорӣ ва Зафар Қаюмзода миннатдорӣ баён намуда, иброз дошт, ки аз рӯи натиҷаҳои машварати корӣ нақша-чорабиниҳои алоҳида тартиб дода, дар кӯтоҳтарин фурсат ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо чораҳои амалӣ андешида мешаванд.
Вазъи омода ва пешниҳод кардани ҳисоботу маълумотномаҳо дар баромади муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов ҳаматарафа таҳлил шуд. Қайд гардид, ки масъулини соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳо ҳанӯз дар мавриди пешниҳоди маълумоту ҳисоботҳо ба кашолкорию бемасъулиятӣ роҳ медиҳанд. Дар баробари ин на ҳамеша санаду ҳуҷҷати омоданамудаашон пурраю мукаммал аст.
Дар рафти баррасии масъалаи сеюми рӯзномаи машварат ва пурсиш аз сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Б.Ғафуров, Осим Каримзода ба масъулини раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳое, ки маблағи иҷораи китобҳои дарсиро пурра пардохт намудаанд, миннатдорӣ баён кард. Ҳамчунин муҳимии ин масъаларо бори дигар таъкид намуда гуфт, ки бояд пардохти маблағи қарзи аз солҳои пеш боқимондаи иҷораи китобҳои дарсӣ ба моҳи оянда мононда нашавад. Барои пурра пардохт намудани маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ то 25- уми ноябр муҳлат муқаррар карда шуд.
Дар ин радиф сардори Раёсати маориф кулли иштирокчиёни машваратро ба муносибати ҷиддӣ ба кор, дасту дил ва нияти пок доштан, риояи қатъӣ ва ҳатмии қоидаҳои одоби хизматчии давлатӣ, дар фаъолияти худ роҳ надодан ба қонуншиканӣ ва амалҳои ношоиста, натиҷагирию хулосабардорӣ аз машварати кории доиргардида даъват кард.
Мардон Қурбонов