Дар маҷлисгоҳи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо ташаббуси кумитаи вилоятии иттифоки касабаи кормандони маориф ва илм бахшида ба Рӯзи парчам конференсияи илмӣ таҳти унвони “Парчам рамзи соҳибдавлатист” баргузор гардид.
Конфронсро раиси кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илм дар вилояти Суғд Мусобек Мироватов ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Тоҳир Ғафуров дар паёми табрикотии худ аз ҷумла қайд кард, ки 7 сол инҷонб дар кишвари тозаистиқлоламон Рӯзи парчам бо шаҳомати хосса таҷлил гардида, ба ин муносибат дар пойтахти кишварамон баландтарин парчам дар ҷаҳон қомат афрохтааст. Ӯ аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ин муқаддасоти кишварро эҳтиром ва арҷ гузоранд.
Мудири шӯъбаи хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Абдураҳим Қурбонов кулли аъзоёни иттифоқи касабаи вилоятро ба муносибати Рӯзи парчам аз номи сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода табрик намуда, аз ҷумла гуфт, ки парчамро метавон сари баланди халқ номид. Чун ҳар ҷо парчам барафрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигарданд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад. Парчами давлат дар баробари баёнгари озодӣ ва истиқлолият будан, дар худ армон ва умедҳои сокинони мамлакатро инъикос менамояд.
Сипас ҳозирин маърӯзаи муовини аввали раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, профессори кафедраи таърихи умумии ДДХ Абдуҷалил Бобокалонов бобати нақши таърихии Иҷлосияи 16-уми шӯрои олӣ дар қабули парчам ва баромади дотсенти кафедраи таърихи ватании ДДХ Шавкат Шарипов дар мавзӯи “Аз таърихи парчам ва парчамдорӣ” гӯш намуда, ҷаҳони маънавиашонро бой гардонданд.
Дар фарҷом дар васфи парчам шеъру сурудҳо аз ҷониби аъзоёни иттифоқи касаба сароида шуд. Бо ҳамин конфронс ба кори худ анҷом бахшид.