Даври ҷамъбастии озмуни “Омӯзгори сол” бо ширкати 6 нафар ғолибони даври аввали вилоятӣ — Хусрав Усмонов, омӯзгори МТМУ №90-и шаҳри Панҷакент, Нилуфар Ахмедҷонова, омӯзгори гимназияи №1-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, Зебо Аминова, омӯзгори литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Муяссар Қориева, омӯзгори МТМУ№54-и ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров, Заррина Баротова, омӯзгори литсейи №1-и шаҳри Конибодом ва Парвиз Дониёров, омӯзгори МТМУ№15-и ноҳияи Зафаробод дар мактаби болаёқати деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гардид.
Онҳо аз рӯи ду шарт саволу ҷавоб ва муаррифии таҷрибаи кори худ байни ҳам рақобат намуданд. Ҳамаи иштирокдорон маҳорати баланди дониш ва суханварӣ нишон дода, дар ду шарт ширкати фаъолона доштанд. Бо назардошти он ки омӯзгори фанни математикаи литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникӣ Зебо Аминова ҳам дар бахши саволу ҷавоб ҳам дар мавриди муаррифии таҷрибаи кори худ хеле фаъол буд, бо ҳамовозии ҳайати ҳакамон ғолиби мутлақ дониста шуд. Ӯ соҳиби 15,39 хол гардид. Мақоми дуюмро омӯзгори фани забон ва адабиёт Муяссар Қориева аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиб шуд. Ду ҷойи сеюм насиби омӯзгорон аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Зафаробод гардид.
Дар фарҷоми озмун муовини сардори раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов миннатдори раёсати маорифи вилоятро ба ҳамаи 18 нафар ширкаткунандагони озмун расонда, ҳамзамон қайд кард, ки рӯзҳои наздик бо иштироки сардори раёсати маорифи вилоят маросими қадрдонии аҳли иштирокдорон ва мулоқоти озоду шаффоф доир мегардад.
Мудири шӯъбаи таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ Раёсати маорифи вилоят Дилбар Исмоилова дониши баланди иштирокчиёнро зикр намуда, дар навбатии худ аз камогоҳии омӯзгорон аз Барномаҳои давлатӣ, хосса барномаи инклюзивӣ ва каммаҳоратии онҳо дар бахши кор бо компютер изҳори ташвиш кард.
Ёддовар мешавем, ки озмуни “Омӯзгори сол ” таи чор рӯз идома ёфта, аз 18 нафар ширкаткунандагон танҳо 6 нафар ба даври ҷамъбастӣ роҳхат гирифта буданд. Акнун шарафи дастаи вилояти Суғдро дар озмуни “Омӯзгори сол”-и ҷумҳуриявӣ барандаи ҷоизаи Раиси вилояти Суғд, “Омӯзгори сол”-и вилоят, муаллифи чандин китобҳои дарсӣ Зебо Аминова ҳимоя хоҳад кард. Ба ӯ дар ин ҷода мувафаққият хоҳонем.
Абдусабур АБДУВАҲҲОБОВ