Дар ҷаласаи навбатии мушовараи Раёсати маорифи вилоят, ки бо иштироки кормандони дастгоҳи Раёсат, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, намояндагони сохторҳои зертобеъ доир гардид, 11 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Раёсати маорифи вилоят доктори илмҳои таърих, профессор Каримзода Осим Қосимӣ оғоз бахшид. Дар оғози ҷаласа оид ба Пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 04.12.2015, №21/57-15 «Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда марбут ба сабабҳои афзоиши ҷинояткории ноболиғон дар соли 2014-ум ва вазъи мубориза бо ин ҷинояткорӣ дар 9 моҳи соли 2015-ум муовини аввали сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳотамҷон Дадобойзода ва перомуни масъала оид ба Пешниҳоди Прокуратураи вилоят аз 20.11.2015, №7/341п-15(6) «Дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда» сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати мазкур Насимҷон Набиев муфассал суханронӣ карданд.
Сипас масъалаҳо оид ба рафти иҷрои қарори Раиси вилоят аз 26.05.2015, №267 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016», оиди аз таълими ҳатмӣ берун мондани кӯдакону наврасон дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва чораҳои андешидаи раёсат ва шӯъбаҳои маориф ҷиҳати ҷалби онҳо ба муассисаҳои таълимӣ, омӯзиши рафти иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2015, №353 «Дар бораи Барномаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» дар шаҳрҳои Хуҷанд, Чкалов ва Қайроққум, аз натиҷаи аттестатсияи гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд, доир ба санҷиши фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии давлатии намуди нави (литсей, гимназияҳо) шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, Конибодом, роҷеъ ба иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом ва Б. Ғафуров, вобаста ба вазъи таълиму тарбия, шароити зист ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар мактаб-интернатҳои шаҳрҳои Конибодом, Истаравшан ва ноҳияи Спитамен, доир ба натиҷаи мониторинги сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди баррасии ҳамаҷиҳата қарор гирифтанд.
Ҳамчунин ҳисоботи директори Планетарияи ба номи А.Хуҷандӣ доир ба ҷараёни фаъолият шунида шуд.
Вазъи ташкили кабинетҳо ва озмоишгоҳҳои мактабӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03. 05. 2010, таҳти рақами 223 мавриди гуфтугӯ ва вазифагузорӣ қарор гирифт.
Дар раванди баррасии масъалаҳо ва дар интиҳои ҷаласа сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода диққати ҳозиринро оиди вазифаҳои муҳиме, ки дар назди маорифчиён меистанд, аз ҷумла роҷеъ ба ташкили муташаккилонаи маъракаи обуна ба матбуоти даврӣ, таҳияи нақша- чорабинӣ дар давраи таътили зимистонаи мактабиён, бартараф намудани камбудиҳои молиявӣ дар раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, ки аз ҷониби бахши аудити Сарраёсати молияи вилоят ошкор шудаанд, бартараф намудани қарзи маблағҳо аз гардиши китобҳои дарсии иҷоравӣ, оид ба риояи қатъии Низомномаи квотаи Президентӣ барои дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти соҳа ҷалб намуда, ҷиҳати таъмини иҷрои онҳо вазифагузорӣ намуд.