Дар санаи сеюми феврали соли 2016 дар шаҳраки Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вохурии маорифчиён ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия инчунин намояндагони кумитаҳои волидони деҳоти ноҳия, бо сармуттахассиси Шӯъбаи кадр ва корҳои махсуси раёсати маорифи вилояти Суғд Зокиров Раҳматхоҷа Сангинхоҷаевич баргузор гардид.

Дар ин вохурӣ кормандони дастгоҳ ва ҷонишинони Раиси ноҳия ширкат доштанд. Зокиров Р. сараввал доир ба нуқтаҳои асосӣ ва муҳиму махсус: афзалиятнокии соҳаи маориф ва илм, рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ, ҷоригардонӣ ва вусъати доираи истифодаи  технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бахусус шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, такмили малакаи касбии омузгорон, рушди нерӯи инсонӣ ва ҷалби наврасон дар таҳсилоти муосири босифат, тақозои замон ба фаъолияти омӯзгор, азхудкунии илму донишҳои муосир аз тарафи ҷавонон ва ташкили шароитҳо барои онҳо, ки дар Паёми навбатии пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Р таъкид карда шуда буданд, маълумот дод. Дар робита ба ҳамин мавзӯъ мазкур дар бораи қабули «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020», таҳия ва баррасии «Консепсияи таҳсилоти муттасил барои солҳои 2016-2022» ҳалли масъалаҳои норасоии кадрҳо барои таълими фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ, забонҳои русӣ ва англисӣ дар давоми чор соли оянда ва таъкидҳои сарвари давлат дар ин самт сухан ронда илова намуд, ки барои тараққиёти соҳаи маориф сол то сол маблағҳо зиёдтар ҷудо гашта истодаанд ва имсол ба ин соҳа интиқоли 3 миллиарду 150 миллион сомонӣ дар  назар дошта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2015 10 фоиз ва нисбат ба 10соли пеш 13 баробар зиёд мебошад.

Мазкур инчунин оид ба «Низомномаи нави қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии кишвар барои солҳои 2016-2020» маълумот дод. Дар рафти баромад ӯ иброз дошт, ки мувофиқи Низомномаи мазкур довталаб бояд дар асоси қарори шӯрои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, маълумоти тиббӣ, шиносномаи миллӣ, шаш адад сурат аз тарафи Комиссияи қабули квотаҳои Президентӣ ба қайд гирифта шавад. Мувофиқи ин Низомнома барои соҳибияти квота на танҳо довталабони соли аввал, балки хатмкунандагони солҳои пешин низ ҳуқуқи ширкат намудан дар ин сабқатро доранд. Ба довталабоне, ки уҳдадории ҳарбиро ба анҷом расонидаанд, дар ҳолати ширкат варзидан ва баҳои мусбат гирифтан имтиёз дода мешавад, то барандаи квотаи Президентӣ гарданд. Дар рафти ҳамин вохурӣ Зокиров С. оиди қабули довталабон тавассути Маркази Миллии Тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва бартариятҳои онсухан ронда дастур дод, омодагии ҳарчӣ пухтатару саривақтии довталабон боиси муваффақиятҳои онҳо хоҳад буд.

Масъалаҳои дар ҷамъомад баррасӣ гардида айни муддао ва қобили таваҷҷуҳи иштирокчиён буд ва онҳо дар ин вохурӣ, ки хеле судманд буд, ба саволу пурсишҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Домуллоев Р- ҳамоҳангсози масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоати деҳоти «Иван-Тоҷик»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>