Дар ҷамоати Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов сохтмони бинои иловагии кӯдакистони № 6 барои 180 нафар тариқи ҳашар ва дар деҳаи Сарбанди ноҳияи Спитамен бинои нави мактаб барои 240 хонанда аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят анҷом ёфта корҳои ободонии гироду атроф босуръат идома доранд ва рӯзҳои наздик ба истифода дода мешаванд. Таҷҳизонидани муассисаҳои навбунёд аз ҳисоби маҷомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар назар аст.