Имрӯз дар Раёсати маорифи вилоят маросими гусели  ғолибони олимпиадаи вилоятӣ аз фанҳои дақиқ  ҷиҳати иштирок ба даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар он сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода иштирок ва суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки соли гузашта мактабиёни вилоят дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба дарёфти 72 ҷойи намоён мушарраф гардида, дар миқёси  кишвар ҷойи аввалро соҳиб шуда буданд. Олимпиадаи вилоятӣ собит намуд, ки имсол низ дар байни мактабиёни вилоят хонандагони соҳиблаёқату баландистеъдод хеле зиёданд. Изҳори  умеду боварӣ менамоем, ки соли равон дар чунин донишсанҷии сатҳи баланд толибилмони вилоят  ба дастовардҳои боз ҳам баландтар сазовор мегарданд.

Сардори Раёсати маорифи вилоят ба иштирокчиёни олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳи сафед ва дар иштирок дар мусобиқа равнақу барорҳо таманно намуд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>