Дирӯз ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Раёсати маорифи вилоят дар семоҳаи аввали соли 2016, пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 5/6-10853 аз 04.03.2016 “Дар бораи бартараф намудани сабаб ва шароитҳое, ки боиси содиршавии ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо гардиданд” ва натиҷаи аккредитатсияи литсейи № 1 ва гимназияи № 24-и шаҳри Хуҷанд баррасӣ гардиданд.
Сардори Раёсати маорифи вилоят О.Каримзода камбудию норасоиҳои фаъолияти кормандони соҳаи маорифи шаҳру навоҳии алоҳида таъкид карда, ҷиҳати ислоҳи саривақтии онҳо ҷиддан вазифагузорӣ намуд. Аз ҷумла, мавсуф барҳам додани ҳолатҳои аз таълим дур мондани хонандагон, таъмири компютерҳои корношоям ва аз эътибор соқит намудани компютерҳое, ки имконияти барқарор намуданашон нест, бартараф намудани ҳолати бинои мактабҳои қисман садамавӣ, андешидани чораҳои мушаххас нисбати сарварони мактабҳои хонандаашон ба худкушӣ ва сӯиқасд ба он дастзада, таҷҳизонидани синфхонаҳо ва лабораторияҳои таълимӣ, ба соҳаи маориф баргардонидани бинои кӯдакистонҳои бо дигар мақсадҳо истифодашаванда, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни мактабиёнро аз вазифаҳои таъхирнопазир арзёбӣ кард. Барои бартараф намудани фаъолияти мураббиёни дар кӯдакистонҳо бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолиятбаранда, санҷиши саросарии фаъолияти кӯдакистонҳои шаҳру ноҳияҳо ва дақиқ муайян намудани теъдоди хонандагони аз таҳсил берунмонда ба масъулин муҳлатҳо муқаррар гардиданд.
Доир ба натиҷаҳои иштироки дастаи вилоят дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои дақиқ мудири шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ Д.Исмоилова гузориш дод. Ӯ роҷеъ ба камбудиҳои мавҷуда дар ин самт батафсил истода гузашта, барои минбаъд беҳтар гардидани кор андешаҳо баён дошт.
Мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Деваштич З. Иброҳимов, Панҷакент М.Каримов, Ҷаббор Расулов Ҳ.Тошев, сардори раёсати маорифи шаҳри Исфара Қ.Абророва аз фаъолияташон ҳисобот доданд.
Муовини сардори Раёсати маорифи вилоят С. Раҳматов доир ба омода намудани омӯзгорону хонандагон барои иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ, бартараф намудани нобаробарии таъмини мактабҳо бо компютер ибрози ақида намуд.
Пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 5/6-10853 аз 04.03.2016 “Дар бораи бартараф намудани сабаб ва шароитҳое, ки боиси содиршавии ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо гардиданд” аз ҷониби аҳли машварат мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Перомуни ислоҳи камбудиҳои дар пешниҳод зикршуда сардори Раёсати маорифи вилоят О.Каримзода диққати ҳозиринро ба таҳияи воқеии санадҳои пешниҳодшаванда ҷалб намуда, талаб кард, ки дар мавриди таҳияи хислатномаю маълумотномаҳо ба сохтакорӣ роҳ дода нашавад.
Дар ҷамъбасти ҷаласа масъалаҳои ҷорӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Раиси мушовара, сардори Раёсати маорифи вилоят О.Каримзода оиди омодагӣ ба таҷлили Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон, ки имсол дар ВМКБ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ таҷлил мегардад, харидорӣ ва захираи саривақтии ангишт, ба руҳияи замона мувофиқ сохтани ороиши мактабҳо, таъмини шаффофият дар интихоби довталабони квотаи Президентӣ ва иштироки фаъолонаи хатмкунанадгон дар вохӯрӣ бо намояндагони мактабҳои олии Федератсяи Русия, фарогирии пурраи мактабиён бо либоси ягона, ташвиқи хатмкунандагон барои ҳуҷҷатсупорӣ ба Маркази миллии тестӣ, равона намудани таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ҳалли муроҷиати шаҳрвандон истода гузашт.
Ҷаласа бо қабули қарорҳо ва вазифагузориҳои сардори Раёсати маорифи вилоят О. Каримзода ба охир расид.