Дар муассисаҳои таълимии вилоят то имрӯз 5426,5 тонна ангишт захира намуданд, ки 51,3%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Нақша дар шаҳри Истиқлол 100%, ноҳияҳои Ҷ.Расулов 93,8%, Айнӣ 92,1% иҷро гардида, вале дар ноҳияи Зафаробод 29,6%, шаҳри Хуҷанд 30,5% ангишт захира шудаасту халос. Дар шаҳрҳои Бустон ва Панҷакент бошад, ин кор то ҳол оғоз наёфтааст.