Дар кӯдакистони президентӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои омӯзгорӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони муассиса баргузор гардид.Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолият дар соли таҳсили 2014-2015 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зикр гардид, ки соли таҳсили сипаришуда барои ҷомеаи меҳнатии кӯдакистон соли пурбарор буд. Вобаста ба эълон шудани Соли гулҳо дар саҳни кӯдакистон ва ҳамаи гурӯҳҳо гӯшаи табиати зинда ташкил гардида, онҳо бо гулҳои зебо ва ҳамешасабз оро дода шуданд. Доир ба фаъолияти кӯдакистон дар самти таълим ва тарбия муовинони директор М. Исмоилова ва М.Неъматова андешаронӣ намуданд. Дар ҷаласа нақшаи фаъолияти кӯдакистон ҷиҳати солимгардонӣ ва беҳдошти сифати таълиму тарбияи кӯдакон дар давраи тобистони соли ҷорӣ тарҳрезӣ ва қабул гардид.
БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ ВАҲДАТ
Бахшида ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ ва бо мақсади тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ, рӯзгордорӣ ва корҳои ободонию созандагӣ дар партави қарори Раиси вилоят «Дар бораи ташкил ва гузаронидани Фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав» имрӯз дар мактаби хонандагони лаёқатманди ноҳияи Б.Ғафуров чорабиниҳои шавқовар баргузор гардиданд.
Хонандагон таҳти роҳбарии омӯзгор Мирзошокир Раҳматов маҳфили рӯзгордорӣ ороста дар он тарзи пухтани оши палавро намоиш доданд. Аъзоёни маҳфили «Кадбону» бошад, тарзу тариқи пухтани самбӯсаи алафӣ ва фатири равғанинро аз устодашон Муҳиба Маҳмадалиева омӯхтанд.
Дар маҳфили «Муҳофизони табиат» хонандагон 40 намуд гулҳои тропикии дар гармхона парвариш намудаи худро ба маърази тамошо гузошта, доир ба хусусиятҳои онҳо шеърҳо хонданд.
Баргузории чорабиниҳо барои ба ҳаёти мустақилона омода гардидани хонандагон ҳамаҷиҳата мусоидат хоҳад кард.