Коршиносон ва ҷомеашиносон бар он назаранд: зуҳуроти номатлуби бунёдгароӣ ё худ фундаментализм, тундгароӣ – ба ифодаи дигар радикализм, ифротгароӣ – ин экстремизм ва даҳшатафканӣ ва ё худ бо ибораи маъмул – терроризм ин ҳама аз маҳрумиятҳои фикрӣ, андеша, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ асос мегирад, оқибат решаи пӯсида дорад. Ва қишрҳои камфаъол ё худ бо ибораи рехта – танбалу худхоҳ ва камзарфияти иҷтимоӣ ба ин гурӯҳҳои аз ҷиҳати ирода суст шомил мешаванд. Ва дар натиҷаи амалҳои ғайриинсонии худ миёни ҷомеа, бахусус, қишрҳои осебпазири иҷтимоӣ зӯровариву бадбинӣ, истибдод ва хушунат тавлид месозанд.
Бино ба таъкиди коршиносон – ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги номукаммал ва натиҷаи ҷаҳолати мардумист.
Ҳаёти воқеӣ собит месозад, ки одатан ҷавонон аз надоштани дониш, фаҳмиш, биниш ва кӯшиш ноогоҳона ба ҷараёнҳои ифротгароиву инсонбадбинӣ ҷалб мешаванд. Ва билохира, дар зеҳну шуурашон пур карда шудани ифроту хурофотро худ нафаҳмида, оқибат ба роҳи сарбаста банд мегарданд. Рӯйсиёҳон ба Ватан – модар, давлат ва халқу миллати хеш хиёнат мекунанд. Онҳоро мардум нобахшидаанду ҳеҷ намебахшанд.
Вазифаи мо чунин будаву ҳаст: ҷавононро ба роҳи росту мақсадҳои наҷиб раҳнамоӣ намоем. Саҳифаҳои таърих бозгӯянд: ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, дар мақсадҳои шум ва фаъолияти зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик аст, яъне ӯ бевосита даар муқобили давлати худ, бар зидди Ватани худ ва дар душманӣ ба миллати худ қарор мегирад. Ҳамин тавр, ӯ бо тамоми маънояш хоини Ватан ва лаънаткардаи халқ мешавад.
Омӯзиш ва таҳлилҳо собит менамоянд, ки аз фориғболии бархе падару модар ва роҳбарону кормандони муассисаҳои таълимӣ истифода бурдан, аз тақдиру ояндаи фарзандони худ бетафовутӣ ҷой доранд. Мутаассифона, падару модароне низ ҳастанд, ки ба ҳаёти фарзандони худ мароқ надоранд.
Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 2-уми августи соли 2011 аз он шаҳодат медиҳад, ки тамоми аҳли ҷомеа – падару модарон, омӯзгорон ва дигар мақомоту муассисаҳои дахлдор дар тарбияи насли навраси ҷомеа масъулияти ҷиддиро эҳсос намуда, дар амалӣ гаштани он саҳми назарраси худро гузоранд.
“Илмат ба амал чу ёр гардад…” – гуфтани бузургони каломи бадеъ басо муҳим дар ҳар давру замон дониста шудааст. Ва ё худ мутафаккирони бузурги аҳди қадим камолоту рушду рукуди ҷомеаро ба парваришу омилҳои рӯҳияи ҷавонон мансуб медонистанд.
Муҳимтарин вазифаи омӯзгор аз ҳама пештару бештар ба омӯзиши ҳамаҷониба машғул шуданду расонидани андӯхтаву гирдоварандаи хеш ба дигарон мебошад. Мегӯянд, ҳар амал аввалу охир дорад. Дар ҳар замон донишу хирад вологавҳар аст. Бинобар ҳамин ҳам ҷавононро ҳамеша дар руҳияи меҳанпарварӣ, содиқ будан ба давлат, Ватану миллати куҳантамаддун тарбия намудан қарзи виҷдонии ҳар як фарди дилогоҳ мебошад.
Ҷомеа тарбиятгари инсон буда, барои ҳар фарди худогоҳ мактаби бузург аст. Фарзандони вафодору садоқатпешаи ҷомеаи муосири мо имрӯз вафодори Ватану миллат ҳастанд. Онҳоро ҳаёт тақозо дорад, ки дар рушду такомули диёри арҷмандамон саҳм гузошта бошанд. Барои пешрафту шукуфоии он ҳиссагузорӣ намоянд. Ватандӯстӣ шарафмандист, масъулият аст ва баҳри ҳифзу оромии Ватан пайваста ҷидду ҷаҳд кардани ҷавонону наврасони диёр саодат, муҳаббат, ваҳдату шарафёр бувад. Дар ин росто мактабу маорифчиёни вилоятамон дар таълиму тарбияи ҳомиёни фардои Ватан ҳамеша комёбанд.
Ғафурҷон АМИНОВ,
сармуҳаррири нашрияи “Маорифи Суғд”,
узви ИЖТ