DSCF9724Дар асоси ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ дар  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, саррраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо, муассисаҳо ва мактабҳои олии вилоят тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.09 2011, №АП 1729 санаи 23 январ нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. доир гардид.

Дар нишаст намояндагони воситаҳои ахбории оммаи чопию электронии давлатию  ғайридавлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ ва масъулини дигар муассисаю сохторҳои соҳаи маориф иштирок намуданд.Нишасти матбуотӣ бо сухани ифтитоҳии сардори Раёсати маорифи вилоят кушода шуд. Номбурда аз ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма изҳори қаноатмандӣ намуда, даъват ба амал овард, ки минбаъд он боз ҳам тақвият дода шавад.

Ҳамзамон дар назди ҳозирин сардори Раёсат Осим Каримзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати маорифи вилоят дар соли 2016 гузориш дод.  Дар гузориш бештар ба масъалаҳои сиёсати давлатӣ оид ба маориф, нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгириҳои давлатӣ нисбат ба кормандони соҳа, дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавон, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа,  таваҷҷӯҳи хоссаи МИҲД ва шахсан Раиси вилоят ба соҳаи маориф ва маорифчиён, амалишавии имтиёзҳо  ба омӯзгорони ҷавон, дастовардҳои омӯзгорону мураббиён ва хонандагони вилоят дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, имтиҳонҳои қабул тавассути Маркази миллии тестӣ ва озмунҳо барои қабул шудан ба мактабҳои олии хориҷӣ, вазъи кӯдакистону парваришгоҳҳо, сатҳи ҷиноятсодиркуниву худкушӣ дар байни ноболиғон, истироҳати  кӯдакону наврасон ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон диққат дода шуд.

Дар рафти саволу ҷавоб намояндагони воситаҳои ахбор- сармуҳаррири нашрияи «Корвони умед» Сайфулло Маҳкамов, намояндаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» Ҷовиди Аштӣ, мухбири ҳафтаномаи «Минбари халқ» Мирзоаъзам Мақсудов, муҳаррирони ТВ Суғд  Ғуфрон Ҳусейнов, телевизиони «Азия» Мӯниса Атаева ва телевизони  СМ-1 Мафтуна Шукурова, мухбири рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» Шоира Салимова, намояндаи радиои «Озодӣ» Маъсуми Муҳаммадраҷаб, корманди агентии иттилоотии «Азия-плюс» Мавлуда Рофиева оид ба компютеркунонӣ ва пайваст намудани муассисаҳои соҳаи маориф бо шабакаи интернет, сохтмону навсозии мактабҳо, нархномаи хизматрасонӣ дар кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таълимии  ғайридавлатӣ, вазъи таъминоти таълимгоҳҳо бо омӯзгорони фанни дифои ҳарбӣ,  ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавон ва дастрасии онҳо ба имтиёзҳо, мусоидати волидон дар самти ба зинаи сеюми таҳсилот ҷалб намудани хонандагон, бо дипломи  қалбакӣ ба кор даромадани баъзе омӯзгорон, нишондиҳандаи фаъолнокии хонандагон дар олимпиадаҳои мактабиён мувофиқи шаҳру ноҳияҳо ба сардори Раёсати маориф савол дода, посухи мушаххас гирифтанд.

Нишасти матбуотиро сардори Раёсати маориф ҷамъбаст намуд. Ба намояндагони воситаҳои ахбор оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти солонаи Раёсати маориф варақаҳои иттилоотӣ дастрас гардид.

 

Мардон Қурбонов,

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>