Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгаройӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайринсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузорад. Бинобар ин дар шароити муосир терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср на танҳо ба амнияти ҷаҳон ва сокинони сайёра таҳдид мекунад, балки барои башарият хатари он камтар аз силоҳи ядроӣ нест, — мегӯянд коршиносону таҳлилгарон. Аз ин хотир, ҳифзи ҷавонон аз гурӯҳҳои ифротгарову тундрав ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроти хатарафзо вазифаи ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯсту озодихоҳ мебошад.
Ифротгароӣ ин ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро ба миён меорад. Ин мафҳумҳоро бояд ба ҷавонон саривақт зеҳинишин карда, онҳоро ба самти ҳушёриву зиракӣ ва садоқат ба Ватану миллат ҷалб намоем. Бетарафӣ ба инсони комилу равшанфикр хос нест. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини ин сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст ва ҳатто, дар мутамаддинтарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи кураи замин нишонаҳояш ба назар мерасад. Воқеаҳои рухдода собит месозанд, ки терроризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Саркардагон ва тарҳрезони ҳаракатҳои ифротгаро оқибати фоҷиабори амалу кирдорҳои худро андеша накарда, кӯр-кӯрона гӯё ҷаҳду талош менамоянд. Даргиронидани оташ нисбат ба хомӯш кардани алангаҳои даҳшатбори он кори осон аст. Ҳаким Фирдавсӣ барҳақ фармуда: “Бикуш оташи хурд пеш аз газанд, Ки гетӣ бисӯзад, чу гардад баланд”.
Афсусбор он аст, ки имрӯз оташ бари домони бархе аз оташафрӯзон часпидааст.
Ақли солим ва амалҳои нек барои аз байн бурдани зуҳуроти номатлуби ғайриинсонӣ — терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ бояд аз ҷониби ҳамаи доираҳо иқдом гирифта, баҳри баланд бардоштани тафаккур, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҷавонон барномаҳои вижа роҳандозӣ карда шавад.
Ҷавонони мо бояд ки аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакатамон эҳсоси баланди тафаккур дошта бошанд, ба қадри сулҳу оромӣ бирасанд ва онро арҷ гузоранд. Ин аст ҷавоби онҳо ба арзишҳои Ваҳдати миллӣ!
Сафар Сафарзода,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
собиқадори соҳаи маориф.
Ноҳияи Мастчоҳ