11Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Раиси вилояти Суғд аз мактаб — интернати шаҳри Бӯстон дидан намуда, бо хонандагон аз наздик мулоқоти озоду самимӣ орост. Зимни суханронӣ Раиси вилоят аз хонандагон даъват ба амал овард, ки бештар омӯзанд ва маърифати худро баланд бардоранд. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дастгир ва мутаккои кӯдакон ҳастанд ва барояшон имконияти таҳсилу истироҳатро фароҳам меоранд. Итминони комил дорам, ки шогирдони ин макони илму дониш дар оянда шахсиятҳои варзида ва чеҳраҳои мондагори арсаи кишвар хоҳанд шуд.
             13Дар идомаи вохӯрӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба толибилмон мавдҳои хониш, либосҳои мавсимӣ ва муҳимтар аз ҳама ба муассиса машинаи мусофиркашонии тамғаи “Мерседес” ҳадя гардид, ки аз ин таваҷҷуҳу ғамхории Раиси вилоят ҷомеаи меҳнатии муассиса изҳори шодмонӣ намуданд.

14

Дар ин бора маркази иттилоот ва таҳлили Раиси вилоят иттилоъ дод

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>