Дар массисаи давлатии таълимии литсей-интернати президентӣ барои кудакони лаёқатманди шаҳри Душанбе даври интихобӣ барои иштирок ба даври ниҳоии олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ, ки нимаи дуюми моҳи ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия доир мегардад, озмун баргузор гардид.
Дар он бо пешниҳоди Раёсати маорифи вилоят 5 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон иштирок намуданд. Довталабон Малика Тӯйчибоева хонандаи синфи 11-и гимназияи № 4, Бахтиёр Дадобоев хонандаи синфи 11-и гимназияи ба номи Гётеи шаҳри Хуҷанд ва Мақсудҷон Исмоилов хонандаи синфи 11-и мактаби президентии шаҳри Бӯстон барои иштирок дар олимпиадаи байналмилалӣ роҳхат гирифтанд.