Дар истироҳатгоҳи “Вохӯрӣ”-и шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров басти якуми истироҳати бачагон ҷамъбаст гардид. Дар он 110 нафар кӯдакон, аз ҷумла 13 нафар аз оилаҳои камбизоат ва 10 нафар ятим ба истироҳат фаро гирифта шуда буданд. Чуноне ки сардори истироҳатгоҳ Музаффар Турдиев хабар дод, дар давоми 12 рӯз 23 нафар кудакони зикршуда ройгон истироҳат намуданд.
Вохӯрӣ бо адибон, шаби шеърхонӣ, конфронси китобхонон, саёҳат ба ҷойҳои таърихӣ аз қабили тадбирҳои фарҳангию фароғатӣ буданд.