Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Боғи фарҳангию фароғатии “Наврӯзгоҳ”–и шаҳри Хуҷанд Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бошукӯҳ таҷлил гардид. Дар ин ҷо гӯшаи зиндаи ҳайвоноту парандаҳои гуногун, гӯшаи саломатӣ ва аёниятҳои табиии тарзи ҳаёти солим, гӯшаи техникони наврас, барномаҳои фарҳангии кӯдакистонҳо, бозиҳои варзишӣ ташкил гардида, маҳсули меҳнати дастии хонандагон–ғолибон ва иштирокдорони озмунҳои “Техникони наврас”, “Дастони моҳир”, “Шаҳри ояндаи ман”, “Ихтироъкорони беҳтарин” ба намоиш гузошта шуда буданд, ки Раиси вилоят аз онҳо дидан намуд.
Дар асоси нақшаи чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Гулистон дар кӯдакистони Парасту бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон гузаронидани озмуни варзишии «Офарин» байни тарбиятгирандагони кӯдакистон ташкил ва гузаронида шуда, ғолибон бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотирмон тақдим намуданд. (далее…)
Санаи 29-уми майи соли ҷорӣ дар Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе 43-юмин Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
МАРОСИМИ КУШОДАШАВИИ 43-ЮМ СЕССИЯИ БАҲОРИИ АКАДЕМИЯИ ХУРДИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (далее…)
Қабули шаҳрвандон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазири маориф ва илм Р.Саидзода, муовини якуми вазир Ҷ.Ҷӯразода ва муовини вазир Л.Абдулхолиқзода (далее…)
Сомона аз тарафи Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи вилоят корбарӣ карда мешавад.
Филми «Шикасти фитна»-родида, гӯё ҷонам дар гирифт. Чаро? Ҳар боре, ки дар бораи оқибатҳои ҷангу нооромиҳои дар кишварҳои хориҷӣ баамаломада мешунавам, аз оромии Тоҷикистони азизамон шукр мегӯям. Вале, мутаассифона, фарзандони нохалаф — хоинони Ватан мехоҳанд, барои пулҳои садақавию ҳароми хоҷаҳои хориҷӣ ба ободии диёр халал расонанд, ҷони чандин бегуноҳонро ба зери ҳавф гузоранд. Ҳар як қадам ва амале, ки барои фитнаву ҷанг анҷом ёфт, нобахшиданист. Чун хизмат ба Ватан-Модар шараф аст, хиёнат ба Ватан баробари хиёнат ба Модар мебошад, ҳеҷ кас бахшидан наметавонад.Сомона аз тарафи Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи вилоят корбарӣ карда мешавад.