Имрӯз дар толори Раёсати маоориф вилоят семинари дастурдиҳӣ доир ба татбиқи Дастурамали аз аттестатсияи гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2015, № 10/32 тасдиқ шудааст, бо иштироки мутасаддиёни раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
Дар семинар сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят Раҳматҷон Зокиров оид ба тартиби бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ, хонапурӣ намудан ва супоридани ҳуҷҷатҳои хатми мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои амалкунандаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ намудани хатогиҳое, ки дар ин самт соли гузашта содир шуда буданд, бо истифода аз воситаҳои техникӣ ва маводҳои дастурӣ, баромад намуд.
Таъкид гардид, ки дар пур кардани шаҳодатномаҳои хатм бештар ба хатогиҳо роҳ дода мешаванд, ки ин боиси сарсонии хонандагону волидайни онҳо мегардад.
Муовини сардори раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов дар баромади худ оид ба ҳамаи паҳлӯҳои масъалаҳои Тартиби пур кардани шаҳодатнома дар бораи хатми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва Тартиби нигоҳдорӣ, бақайдгирӣ ва супоридани шаҳодатнома дар бораи хатми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ истода гузашт.
Мудири шӯъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ Дилбар Исмоилова дар бораи пур кардани шаҳодатномаи хатми таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ сухан намуда, таъкид дошт, ки дар ин маврид истифода аз омӯзгорони соҳибтаҷрибаи забони русӣ ба манфиати кор аст.
Дар охир ба саволҳои зиёди иштирокчиёни семинар ҷавобҳои саҳеҳу дақиқ дода шуданд.