Cанаи 14-уми майи соли ҷорӣ дар мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва дар литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз фанни технологияи иттилоотӣ даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 5-6-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд.
Нахуст З. Абдулзода-муовини вазири маориф ва илм иброз дошт, ки яке аз вазифаҳои асосии раванди таълими муосир дар шароити ҳамгироии фазои таълимӣ дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавону эҷодкор ва ботафаккур мебошад. Яке аз чунин чорабиниҳое, ки ба ҳалли ин масъала нигаронида шудаанд, пеш аз ҳама, олимпиадаҳо мебошанд. Васеъшавии доираи татбиқи технологияҳои муосири информатсионӣ дар соҳаи таҳсилот барои иштироки оммавии хонандагони болаёқат натанҳо дар олимпиадаҳои дохилӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ имконият фароҳам меорад ва яке аз ҳадафҳое, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст, таҳким бахшидан ба вусъати ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Сипас, вобаста ба суолҳои иштирокчиён директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Н. Саломиён хонандагонро бо шартҳо ва тартиби баргузории олимпиада шинос намуд. Баъди маросими ифтитоҳӣ хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, давоми рӯз донишу маҳорати худро нишон медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар олимпиадаҳои мазкур 1251 нафар хонанда — аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ 723 нафар ва аз мактабҳои типи нав 528 нафар иштирок мекунанд, ки ин нуфузу мартабаи ин мусобиқаи илмиро барои ғолибият ва комёбшавӣ боло мебардорад.
Бояд гуфт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати самарабахшии фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, рушди ҳаракатҳои олимпӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин, омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, умумиҷаҳонӣ ва байналмилалӣ аз фанҳои таълимӣ тадбирҳои судманд андешад.