26 апрели соли 2024 дар Кохи «Суғдиён» — и шаҳри Хуҷанд якумин фестивали намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон — 2024 баргузор гардид.
Дар фестивали мазкур муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, сардори раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода, намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ва намояндагони макотиби олии хориҷи кишвар ширкат доштанд.
Намояндагони 14 давлати дунё ва 40 макотиби олии хориҷи кишвар бо ба ҷо овардани анъана ва урфу одати тоҷикона гарму самимӣ бо нону намак ва суруду мусиқӣ истиқбол гирифта шуданд.