Дар филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии коромандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд байни хонандагони синфҳи 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “ Истиқлолат бобақо бод, кишварам !” гузаронида шуд. Дар озмун хонадагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара. Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Деваштич ва Ашт иштирок намуданд. Иншои хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 32-и шаҳри Исфара Амакова Малоҳат беҳтарин дониста шуд.