Санаи 26-уми апрели соли равон дар МТМУ №12 ба номи Мирзобарот Исмоилов ва МТМУ №18-и шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар асоси нақшаи чорабиниҳо машварати Рӯзи нозирӣ бо иштироки директорони муассисаҳои таълимӣ, МТТ, МТИ-и қаламрави Ҷамоатҳои болозикр гузаронида шуд.
Нозири минтақавӣ И.Мирпочоева ва Н. Дадохӯҷаев дар ҳузури директорони муассисаҳои таълимӣ дар хусуси либоси расмии омӯзгорон, либосҳои мактабии хонандагон сухан гуфта, ин раванд амалан аз назар гузаронида шуд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамаи омӯзгорон ва хонандагон бо либосҳои хоси муассисавӣ таъмин буда, онҳо ба мактаб ба фаъолияту таҳсил ҳозир мешаванд ва сифати либосҳо ба талабот ҷавобгӯ мебошад.