Соли таҳсили 2015-2016 бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Чумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ГПО- 4 дар чор марҳила бо фарогирии 515 нафар сарварони муассисаҳои таълимии вилоят курсҳои омӯзишӣ доир мегарданд. Бояд гуфт, ки марҳилаи якуми омӯзиш санаи 22 октябр оғоз ёфта, ҳар як марҳила ду ҳафта давом мекунад. Семинарҳои омӯзишӣ дар истирҳатгоҳи солимгардонии ба номи «20- солагии Истиқлолият» ҷараён дорад.
Тренерон ва устодони таълимдиҳанда ҳамагӣ аз курсҳои омодагӣ гузаштаанд ё маорифчиёни собикадор мебошанд. Барои истирохату фароғати сарварони мактабҳо дар истироҳатгоҳ ҳамаи шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Хар рӯз барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд. Машгулиятҳо асосан аз рӯи ду самт- менеҷмент ва сарварӣ, менеҷменти молиявӣ дар хачми 120 соат мегузаранд.
То имрӯз 440 нафар сарварони мактабҳо аз курсҳои омӯзишӣ гузаштанд. Тибқи нақша марҳилаи охирини омӯзиш аз 2 то 16 январ дар шаҳри Хуҷанд мегузарад.