Санаи 19.11.2015 дар толори кӯдакистони Президентии шаҳри Хуҷанд даври дуюми озмуни “Мураббии сол-2015”, аз рӯйи 2 шарт – ҳолатҳои педагогӣ — психологӣ ва муаррифии таҷрибаи корӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа аз 6 нафар довталабон дар даври дуюми озмун мураббия Атаева Садоқат аз кӯдакистони №9-и ноҳияи Б.Ғафуров ва мураббия Ҷӯраева Муқаддас аз кӯдакистони Президентӣ ҷойи якум, мураббия Бобомуродова Ҷамила аз кӯдакистони №1-и шаҳри Панҷакент ва мураббия Зиёева Тахмина аз кӯдакистони №18-и шаҳри Хуҷанд ҷойи дуюм, мураббия Бобоева Шаҳноза аз кӯдакистони №1-и ноҳияи Ғончӣ ва мураббия Юнусова Мавлуда аз кӯдакистони №4-и шаҳри Чкалов ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Мураббия Атаева Садоқат аз кӯдакистони №9-и ноҳияи Б.Ғафуров ва мураббия Ҷӯраева Муқаддас аз кӯдакистони Президентӣ ғолиби даври дуюми озмун гардида, ҳуқуқи иштирок ба даври озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии сол”- ро пайдо намуданд.