Муассисаи давлатии Маркази тенологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи ш. Душанбе аз 11 то 14 апрели соли ҷорӣ “Ҳафтаи технологияи, инноватсия ва ихтирокории наврасону ҷавонон”-ро ташкил ва баргузор намунд.
Дар доираи чорабинии мазкур, рӯзҳои 13-14 апрел Озмуни барномасозон ва ихтирококорони ҷавон ташкил карда шуд, ки дар он ғолибони озмуни вилоятии “Сайбер Наврӯз” бори аввал даъват шуданд ва имконияти намоиши лоиҳаҳои худ гаштанд. Дар озмун зиёда аз 80 лоиҳаҳо пешниҳод шуданд, ки дар байни онҳо аз вилоятҳои Хатло, Суғд ва ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ иштирок варзиданд.
Панҷ нафар иштирокчиён аз шаҳру ноҳиҳояҳои Б.Ғафуров МТМУ №10 Каримов Т., ш. Истаравшан МТМУ №35 Сангинов С., ш. Хуҷанд МТМУ №17 Азимова М., Гимназияи №13 Ҳакимов М. ва Гимназияи №1 Ҳомидов М. дар озмун фаъолоно иштирок карда, дар натиҷаи баҳогузории доварон ҷои аввал ба Ҳакимов М. бо лоиҳаи “Сайти омӯзишии фанни матиматика ба забони тоҷики – math.tj” ва ҷои сеюм ба Азимова М. бо лоиҳи “Ҷадвали химиёвии Менделев дар Web” сазовор гардиданд.
Ба ғолибони озмун дипломҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи Сардори раёсати морифи ш. Душанбе Фақеров Ҳ.Н. супорида шуд.
Чорабнии мазкур соли панҷум аст, ки аз тарафи Маркази ТИК-и ш. Душанбе ташкил карда мешавад ва аз руи 5 номинатсия иштирокчиён лоиҳаҳо ирсол менамоянд:
- Лоиҳаи инноватсионӣ барои ҳалли масъалаҳои шаҳрдорӣ;
- Лоиҳаи инноватсионӣ дар соҳаи маориф;
- Барномаҳои таълимиву омӯзишии интерактивӣ;
- Лоиҳаи инноватсионӣ (Стартап) дар соҳаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ;
- Лоиҳаи инноватсионӣ автоматикунонии хизматрасониҳои мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ.
Озмуни вилоятии “Сайбер Наврӯз” бори аввал санаи 7 апрел барои ҷавонон ва наврасони вилояти Суғд бо мақсади рушди технологияҳои иттилоотӣ дар байни ҷавонони рақамӣ ва иштироки зеҳнии онҳо дар ҳалли масъалаҳои марбут ба минтақа ташкил карда шудааст.