Санаи 25.02.2016 дар мактаби №17 аз фанни математика олимпиада гузаронида шуд, ки дониши хонандагон тариқи компютер санҷида шуд.
Озмун тибқи нақшаи кории МТИК – и шуъбаи маориф гузаронида шуд, ки дар он 63 нафар хонандагони синфҳои 5-11 -и мактабҳои гуногуни ноҳия ширкат карданд. Озмунро ҳайати кумитаи тадорукот иборат аз кормандони МТИК – и шуъбаи маориф роҳбарї намуданд.
Натиҷаи озмун нишон дод, ки нисбатан дониши хонандагони мактабҳои №6, 11, 16, 17, 31 назаррас мебошад. Масалан, дар байни хонандагони синфҳои 5 фаъолияти хуби хонанда Назриев Куруш (мактаби №11), синфҳои 6 Азизиён Парвина (мактаби №16), синфҳои 7 Авеззода Самандар (мактаби №17), синфҳои 8 Шарифзода Фотима (мактаби №16), синфҳои 9 Ҷалолзода Муҳаммадсодиқ (мактаби №17), синфҳои 10 Бобоев Бобоҷон (мактаби №31), синфҳои 11 Давлатов Абубакр (мактаби №11) ба гирифтани ҷойҳои аввал мушарраф шуданд.
Дар маросими ҷамъбасти озмун ба ҳамаи ширкаткунандагон туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот ва ба ғолибон ифтихорномаҳо супорида шуд.