Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни байналмилалии ҳифзи кўдакон дар ширхоргоҳ-кўдакистони хусусии «Дилоро»-и шаҳри Хуҷанд озмуни «Донояк» бо иштироки кӯдакони 31 муассисаҳои томактабии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Озмун аз рўи шартҳои: ба саволҳо кўтоҳу фаҳмо ҷавоб додан, аз тестҳо истифода карда тавонистан, сарфаҳм рафтан ба муҳити атроф, дар доираи 20 ҷамъу тарҳ кардани рақамҳо, фарқи ҳаҷми ашёҳо, муайян карда тавонистани табиати зинда аз ғайризинда, фарқ ва номбар карда тавонистани ҳайвонҳои хонагӣ, ваҳшӣ, парандаҳо, номгўи асбобҳои мусиқӣ, пурра кардани тасвири овардашуда гузарони дашуд.
Ба Шоҳҷоизаи озмун Нурмуҳаммад Усмонов аз кўдакистони №40, ва ба ҷойи якум Фарангис Тоҳирова аз кўдакистони №33 сазовор гаштанд. Тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои №13, 25,12,36 ва 24 низ ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд. Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон ифтихорномаву сипоснома ва ба ҳамаи иштирокчиёни озмун туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.