Тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд аз 10.03.2016 таҳти №63 санаи 31.05.2016 дар Маркази ҷавонони ба номи Лоиқ Шерали-и шаҳри Хуҷанд бо дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ оид ба амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати баланд бардоштани ватандӯстӣ, фароҳам овардани шароити мусоид дар вусъати нерӯи эҷодӣ, кобилияти кӯдакону наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави ҷавонони эҷодкор, ки дар ҷанрҳои нақшофарӣ, сурудхонӣ, навозандагӣ, рақс, ровигӣ инчунин барои тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи анъанаҳои миллӣ дар заминаи таъриху осори гузаштагон ва дар ҷавонон ҳосил намудани маҳорату малакаи баланди мунозира, муошират, пешаи тарзи ҳаёти солим тавсеа бахшад маҳфили “Хушдилон ва Ҳозирҷавобон” баргузор гардид.

Дар озмун дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои  Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Ҷ.Расулов, Шаҳристон, Гулистон аз рӯи низомнома дар се бахш байни худ қувваозмоӣ намуданд.  Бахши аввал “Муаррифӣ ё саломнома”,  дар  он  ҳозирҷавобон  ва  хушдилон  дастаи  худро  ба  ҳозирин  шинос  намуданд. Саволнома шарти дуюм озмун буда. дар ин шарт низ ҳар як даста ҳозирҷавобии худро нишон медиҳад.  Дар ин озмун аз тарафи ҳакамон  саволҳо дода шуд.Вазифаи хонагии мусиқавӣ дар ин шарт дастаи ҳозирҷавобон ва хушдилон ҳунарҳои мусиқавии худро ба ҳозирин нишон намуданд. Суруд, рақс ва ҳазлу мутоибаҳо бо истифодаи мусиқӣ. Баҳодиҳӣ ҳамаи шартҳои мусобиқа аз ҷониби ҳайати доварон муайян карда шуд. Аз рӯи низомнома шартҳо бо ду забон забони давлатӣ ва забони русӣ  гузаронида шуд.

Иштирокдорони озмун чунин натиҷаҳоро ба даст оварданд:

Муаррифӣ ё саломнома

  • Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 5 шаҳри Хуҷанд – 4 хол
  • Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 28 шаҳри Хуҷанд – 4,6 хол
  • Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 14 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 5 хол
  • Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 8 шаҳри Гулистон – 4 хол
  • Мактаби хусуси ғайри давлати “Рустамов Ю.Д” шаҳри Хуҷанд – 4,2 хол
  • Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 6 шаҳри Хуҷанд – 5 хол
  • Дастаи яккачини шаҳри Панҷакент – 4,4 хол
  • Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 1 ноҳияи Ҷ.Расулов – 4,8 хол
  • Маркази таҳсилоти иловагии № 1 ш.Исфара – 3,4 хол
  • Дастаи яккачини ноҳияи Шаҳристон – 3,8 хол

Саволнома

  • Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 5 шаҳри Хуҷанд – 3,6 хол
  • Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 28 шаҳри Хуҷанд – 3,8 хол
  • Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 14 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 4 хол
  • Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 8 шаҳри Гулистон – 3,8 хол
  • Мактаби хусуси ғайри давлати “Рустамов Ю.Д” шаҳри Хуҷанд – 3,8 хол
  • Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 6 шаҳри Хуҷанд – 3,8 хол
  • Дастаи яккачини шаҳри Панҷакент – 3,6 хол
  • Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 1 ноҳияи Ҷ.Расулов – 3,8 хол
  • Маркази таҳсилоти иловагии № 1 ш.Исфара – 3,6 хол
  • Дастаи яккачини ноҳияи Шаҳристон – 3,6 хол

Вазифаи хонагии мусиқавӣ

  • Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 5 шаҳри Хуҷанд – 4 хол
  • Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 28 шаҳри Хуҷанд – 4,6 хол
  • Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 14 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 5 хол
  • Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 8 шаҳри Гулистон – 4,6 хол
  • Мактаби хусуси ғайри давлати “Рустамов Ю.Д” шаҳри Хуҷанд – 4,2 хол
  • Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 6 шаҳри Хуҷанд – 4,8 хол
  • Дастаи яккачини шаҳри Панҷакент – 4 хол
  • Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 1 ноҳияи Ҷ.Расулов – 4,6 хол
  • Маркази таҳсилоти иловагии № 1 ш.Исфара – 3,2 хол
  • Дастаи яккачини ноҳияи Шаҳристон – 3,8 хол

 

Дар ҷамбасти озмун ҷойи якум бо 14 хол  насиби Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 14 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойи дуюм бо 13,6 хол ба  Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 6 шаҳри Хуҷанд, ҷойи сеюм бо 13,2 хол ба Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 1 ноҳияи Ҷ.Расулов, ҷойи чорум бо 13 хол ба Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 28 шаҳри Хуҷанд, ҷойи панҷум бо 12,4 хол ба Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 8 шаҳри Гулистон, ҷойи шашум бо 12,2 хол ба Мактаби хусуси ғайри давлати “Рустамов Ю.Д” шаҳри Хуҷанд, ҷойи ҳафтум бо 12,0 хол ба Дастаи яккачини шаҳри Панҷакент, ҷойи ҳаштум бо 11,8 хол ба Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 5 шаҳри Хуҷанд, ҷойи нуҳум бо 11,2 хол ба Дастаи яккачини ноҳияи Шаҳристон, ҷойи даҳум бо 10,2 хол  ба Маркази таҳсилоти иловагии № 1 ш.Исфара дода шуд. Дастаҳои ҷойҳои 1,2,3,4 гирифта, ба давраи дуюм роҳхат гирифтанд. Инчунин барои иштироки фаъолона дар давраи якуми озмун бо сипосномаи сардори Раёсати маорифи вилоят  қадршиносӣ гардиданд. Умуман дар давраи якуми озмун аз 28 – мусиссаҳо 450 нафар хонандагони вилояти Суғд иштирок карданд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>